Қарзи Тоҷикистон боз $5 млн. зиёд гардидааст

© SputnikБонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарзи БМТ ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 13,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи апрели соли равон 2 млрд. 187 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон ба миқдори 5 млн. доллар афзудааст, хабар медиҳад Вазорати молияи кишвар.

БМТ: вазъи бозори асъор дар кишвар мӯътадил аст

Тибқи маълумоти фаврии ин ниҳод, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 1 млрд. 984 млн. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна беш аз 22,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, 31,5 млн. доллари ИМА-ро қарзҳои корхонаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд, ки кафолати давлатӣ надоранд.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон ба Хазинаи байнулмилалии асъор, ки барои нигаҳдории тавозуни пардохтҳо гирифта шуд, ба 13,4 млн. доллари ИМА баробар аст.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Бонки миллии Тоҷикистон аз Чин — 11 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд — 5,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0