ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.Вазорати корҳои дохилии Русия пешниҳод мекунад, ки раванди гирифтани иҷозаи истиқомат дар Русия осон карда шавад. Вазорат лоиҳаи қонунеро тартиб дод, ки барои гирифтани иҷозаи иқомат низоми баҳодиҳии холгузорӣ ҷорӣ карда мешавад. Меъёри ин баҳогузорӣ аз ҷониби ҳукумати Русия, аз рӯйи вазъи иқтисодиву иҷтимоии Русия ва эҳтиёҷоти демографии кишвар аз ҷониби ҳукумати Русия муайян карда мешавад.
Ҳамин тавр, иҷозаи иқомат ба шаҳрвандони хориҷ аз ҳисоби тағийр додани марҳилаи иҷозаи иқоматии муваққатӣ(РВП- идора) дода мешавад.
Меъёри гирифтани хол аз синну сол, маълумот, намуди кор ё фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин дараҷаи мутобиқшавии номзад вобаста мебошад.
Интизор меравад, ки шумораи умумии холҳо, ки барои гирифтани иҷозаи истиқомат ба кор меравад, аз ҷониби ҳукумати ФР муайян мегардад.
Баробари ин, шаҳрвандони хориҷии русзабони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва намояндаи дигар миллатҳо дар мӯҳлати кӯтоҳ имтиёзи гирифтани иҷозаи истиқоматро доранд.
Шумораи холҳои барои гирифтани иҷозатномаи истиқоматӣ лозима, метавонад аз вазъи бозори меҳнати Русия вобаста бошад.
Дар назар аст, ин низоми интихоб имкон медиҳад, ки ба кишвар шаҳрвандони хориҷии ба манфиати сиёсати иқтисодӣ ва демографии Русия мувофиқро интихоб кунанд.
Ҳафтаи гузашта ВКД Русия лоиҳаи қонунеро пешниҳод намуд, мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатии бидуни шарномаи меҳнатӣ аз марзи кишвар берун карда мешванд.