ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Акнун муҳоҷирони меҳнатие, ки ҷои кори ҳамешагӣ ва иҷозатномаи зист дар Русияро доранд, метавонанд дигар аз депорт тарс надошта бошанд. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷирати меҳнатӣ сайти ҳукумати ФР хабар медиҳад.
Лоиҳаи қонунро оид ба қоидаҳои ворид ва хориҷ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави ФР аз ҷониби ВКД дер боз интизор буданд. Ҳамин тавр ҳукумати Русия қонунугузории муҳоҷирати меҳнатиро каме содда гардонид.
Роҳбари Бунёди "Добрососедство" Юрий Московский ба Sputnik, иброз дошт, ки айни замон муҳоҷирон барои ду ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз кишвар хориҷ карда мешаванд. Дар баробари ин фақр гузошта намешавад, ки ӯ қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро вайрон намудааст, ё мошинро номувофиқ гузошт ва ё мусиқии баланд гуш кард. Ба гуфти коршинос дар бастагӣ бо чунин меъёр мусибатҳои зиёд рух медод, ва буҷа маблағи зиёдро аз даст медод.
"Низоми санҷишиӣ маълум кард, ки муҳоҷир қоидаи гузаштан аз роҳро вайрон намуд, вале чуноне муайян гардид таҷҳизоти санҷишӣ худ хато кардааст. Муҳоҷир қонунро вайрон накардааст вале таҷҳизоти санҷишӣ муайян кард, ки ӯ қоидаро вайрон кардааст. Буданд ҳодисаҳое, ки масалан зан соҳиби шаҳрвандии Русия вале шавҳараш аз иҷозаи вуруд маҳрум карда шудааст. Дар соҳви ҳуқуқшиносӣ яке аз принсипҳои асосӣ чунин аст: азоб бояд баробари ҷиноят бошад. Дар Русия нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ин принсип риоя намешавад. Аксари муҳоҷирон тасодуфан ғуломи қонун шудаанд",-шарҳ дод Московский.
Дар баробари ин коршинос қайд намуд, ки нисбати чунин қонунвайронкунандагон ҷазо содда намешавад. ВКД ФР пешниҳод менамояд, ки дар сурати дар давоми сол ду маротиба вайрон кардани қонун муҳоҷир бояд аз қаламрави Русия пеш карда шавад.
"Тағйиру иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷирати меҳнатии ФР кайҳо боз лозим аст. Онҳо хеле муҳиманд. Вақте,ки қонунро қабул карда буданд бояд ҳамон замон дар бораи оқибатҳояш фикр мекарданд",-гуфт Московский.
Профессори шӯъбаи меҳнат ва сиёсати иҷтимоии РАНХиГС доктори илмҳои иқтисодӣ Александр Шербаков ба Sputnik изҳор дошт, ки миёни вакилони рус оиди бархе аз қонунгузориҳоии муҳоҷирати меҳнатӣ мувофиқа нест.
"Ду мавқеъ вуҷуд дорад: ҳастанд нафароне, ки розианд вале ҳастанд вакилоне, ки зидди ҳузури муҳоҷирон мебошанд",-шарҳ дод коршинос.
Ба қавли коршинос сарфи назар аз пуршиддат будани қонунгузориҳои муҳоҷират дар Русия ин яке аз қоунгузории либералии дунё ба шумор меравад. Ба гуфти ӯ ҳаракат ба сӯи содда намудани қонунгузорӣ ин имкони дарёфти шаҳрвандони хориҷии дорои маълумоти олӣ мебошад.
"Мамлакате, чун Русия бо бозори кушоди кор дар дохил дар ҷаҳон камёфт аст. Фароҳам овардани шароити мусоид аз кӯшиши дарёфти мутахассисони кордони хориҷӣ дарак медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам Русия аз набудани мутахассисони хориҷӣ танқисӣ мекашад. Муҳоҷироне лозиманд, ки дорои таҳсилоти мувофиқи олӣ ва сифати баланди кордонӣ бошанд. Чунин метавон ин қадами ҳукуматро баҳо дод",-шарҳ дод Шербаков.
Дар ҳоли ҳозир барои 1 миллиону 630 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудан ба қаламрави Русия манъ карда шудааст. Ба қавли коршинос ин адад ҳамоно дар афзоиш аст.