Баҳси ҳарфи “Ц” дар Тоҷикистон: ба забони тоҷикӣ бегона нест

© Flickr \ Holiday Gemsрафи китоб, акс аз бойгонӣ
рафи китоб, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эҳтимол меравад, ки ҳарфи “Ц” ба забони тоҷикӣ бар гардонида шавад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.Пешниҳоди бар гардонидани ҳарфи "Ц" ба алифбо ба Кумитаи забон ва ислоҳоти назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудааст, мегӯяд манбаи Sputnik аз Пажӯишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон.

Гавхар Шарофзода роҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Дуруст бинавис: $6 ҷарима барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ

Ба гуфтаи вай, эҳтиёҷоти бар гардонидани ҳарфи "Ц" на тарнҳо ҳангоми навиштани калимаҳои воридшудаи забони тоҷикӣ ҳис карда мешавад, балки дар вақти навиштани номҳои маҳаллӣ низ ба миён меояд.

Ҳарфи "Ц"  ба забони тоҷикӣ бегона нест. Он дар давоми таърих вуҷуд дошт, аз ҷумла дар забони қадимаи форсӣ ва асримиёнагӣ истифода бурда мешуд. Ҳоло бошад дар забонҳои помирӣ талаффуз мешавад. Аз ҷумла дар топонимикаи — номҳои деҳот ва маҳалҳо истифода бурда мешавад. Агар ин ҳарфро истифода набарем ва бо дигар ҳарф иваз кунем, маъно гум мешавад. Бо илова кардани ин ҳарф ба забони тоҷикӣ, мо чизеро аз даст намедиҳем",- афзуд манбаи Sputnik.

Ҳуруфоти криллӣ ба забони тоҷикӣ охири солҳои 1930 ворид карда шуд. Алифбои забони тоҷикӣ аз 35 ҳарф иборат буда, ҳарфҳои "Ц" "Щ" "Ы" расман бо гузаронидани ислоҳот дар соли 1998 аз таркиби алифбо бардошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0