ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik, Дмитрий Матвеев. Зодаи Тоҷикистон Камол Махсатов дар яке аз бемористонҳои шаҳри Колпино воқеъ дар ҷануби Санкт-Петербург ба ҳайси роҳбари табобатхонаи марказӣ кору фаъолият мекунад.
Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, дар бораи зиндагии дур аз ватани сардухтур нақл кунад.
Камол Ортиқович Махсатов соли 1949 дар шаҳри Уропетта (Истаравшан-шарҳ аз идора) ба дунё омадааст. Табиби ояндаро волидонаш ба интернат супорида, ӯ дар хонаи кӯдакон ба воя расидааст. Ба қавли худаш ӯ шод аст, ки дар интернат калон шуд. Интернат бо тартиботи худ донишкадаи Суворовскийро мемонд. Толибилмони ин даргоҳ ҳатто либоси махсус мепӯшиданд.
Баъди хатми синфи 8-ум Махсатов ба донишкадаи тиббӣ дар дуюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон, Ленинобод (Хуҷанд-шарҳ аз идора) дохил шуд.
"Ба ман бештар номи пешина Ленинобод маъқул аст.Вале мебинед, вақт дигар мешавад ва ҳам чиз дигар мешавад",-қайд мекунад табиб.
Донишкадаи тиббиро Камол Масхатов бо тахассуси фелдшер бо дипломи аъло хатм кард. Соли 1969 табиби оянда ба донишгоҳи тиббии Куйбишев дохил шуд. Соли 1975 факултаи тиббиро хатм карда аз курси интератур гузашта ба бемористони вилояти Оренбург фиристода шуд.
Маҳз дар шаҳри Самара (аз соли 1935-то1991 номи шаҳр Куйбишев буд-шарҳ аз идора) духтур бо ҳамсараш, намояндаи миллати рус шинос мешавад. Дар натиҷа ҳамсари ӯ барои кӯчидан ба шаҳри Колпино, ки хешу ақрабояш ин ҷо ба сар мебурданд, сабаб шуд.
Баъди хатми донишгоҳ Камолро барои адои вазифа ба ноҳияи Курманаевский-воқеъ дар вилояти Оренбург, нуқтаи аҳолинишини Волжская фиристоданд. Ин ҷо беморхонаи наонқадар калон бо 50 ҷои хоб мавҷуд буд. Замони кор дар ин минтақа табиб аз оташу об гузашт. Ӯ дар ин бемористон ҳам хирург, ҳам терапевт ва момодоя ва ҳам духтури гушу, гулую бинӣ ва ниҳоят сардухтур буд.
"Ман хушбахтам, ки дар ҷавонӣ чунин кор карда, сахтиҳоро аз сар гузаронидам. Ин кори ҳақиқӣ аст. Бароям бисёр мушкил буд, вале ман ин ҷойро бо мардуми хуб ва меҳнатдӯсташ дӯст доштам. Ҳодисаҳои зиёди мушкил маро пешорӯ шуданд, вале хушбахтона ман аз ӯҳдаи ҳамаи онҳо баромадам. Боре ҳатто ҳодисае шуд, ки ҷарроҳиро зери нури лампаи керосинӣ аныом додам",-нақл кард табиби тоҷик.
Камол Махсатов дар баробари ин дар бораи кор дар клиникаҳо бузург фикр мекард. Соли 1981 табиб ба шаҳри Колпино, бо 200 ҳазор аҳолӣ кӯч баст. Ин шаҳри яке аз ноҳияҳои Петербург шинохта мешавад. Ҷои аввали кории ӯ дар шаҳри нав поликлиникаи шаҳрии №95 гардид.
Охирҳои соли 1982 табиб аз поликлиника ба беморхонаи шаҳрии №33 гузашт. Дар ин маркази тиббӣ ӯ касби травмотология ва ортопедияро аз худ кард. Соли 1985 Махсатов аз курси нейтротравма гузашт.
Камол Махсатов мехост кори табобатхонаҳои марказии шаҳри назди Неваро бубинад. Соли 1990 ӯ ба беморхонаи №26, ки дар байни мардум бо номи "Костюшка" аз номи кӯча гирифта шудааст, машҳур аст ба кор даромад. Дар давоми як сол ӯ ба ҳайси духтури оддӣ адои вазифа намуда, баъдан ӯро муваққатан роҳбари шӯъбаи ҷарроҳӣ таъин карданд.
Соли 1991 табиб соҳиби вазифаи нав шуд. Акнун ӯ ба ҳайси роҳбари шӯъбаи осеби фавқуллодаи беморхонаи №26 фаъолият мекард. Ишғоли вазифаи нави табиб тоҷик бо солҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯрваӣ рост омад.
"Ин давраҳои криминалӣ буд. Ҳамон замон мо дар ҳақиқат кор карданро ёд гирифтем. Дар як шабонарӯз зиёда аз 50 нафар бо шикастҳои гуногун ба беморхонаи мо меомаданд. Ҳар рӯз беморони тирхӯрда ба мо муроҷиат мекарданд. Ин низоми конвейирӣ буд",-ба ёд меорад ҷарроҳ.
Соли 2005 ба Камол Махсатов роҳбарии беморхонаи №33-ро дар Колпино пешниҳод карданд. Санаи 9-уми март ӯ ба ҳайси духтури калон ба кор шурӯъ кард. Дарҳол баъди таъин шудан ба симмати нав духтур ба ободкунии беморхона пардохт.
"Сарфи назар аз он, ки Колпино-яке аз донорҳои шаҳри Санкт-Петербург ба шумор мерафт, беморхона дар ҳолати наонқадар хуб қарор дошт. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ карда, аз рӯзҳои аввали кориам ман ба таъмир пардохтам, аз ҷумла ба сохтмони корпуси нави табобатӣ",-қайд кард Камол Махсатов.
Қарори ҳукумат дар бораи сохтмони корпуси нав соли 2007 баромад. Айни замон сохтмони ин беморхона идома дорад. Ба қавли духтури калон дар беморхонаи нави шашошёна палатаҳо барои як, ду ва се одам омода мешаванд.
"Хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба пуррагӣ дигар мешавад",-қайд кард Камол Махсатов.
Сардухтур мехоҳад дар беморхона кор бо технологияи навро ҷорӣ намояд, аз ҷумла ҷарроҳӣ бо истифодаи амалиёти ҷадид. Ифтитоҳи шӯъбаҳои нав дар беморхона аз нақшаҳои ояндаи духтур мебошанд. Ӯ орзу дорад шӯъбаи ҷароҳии эндоваскуляриро кушояд. Ин намуди нави ҷарроҳӣ буда, ҷарроҳӣ дар рагҳои хунгузар бидуни буридан тариқи сурохиҳои хурд дар пӯст гузаронида мешавад.
Камол Махсатов соҳиби ду фарзанд ва ду набера мебошад. Духтараш дерматолог буда, писараш духтури дандон мебошад. Сардухтур зиндагии фаъолонаи ҷамъиятӣ низ дорад. Ӯ аъзои Шӯрои ҷамъятии назди ВКД дар ноҳияи Колпино буда, аъзои Шӯрои назди ҳукумати ноҳияи Колпино ва шаҳрванди ифтихории шаҳри Колпино мебошад.