ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Бозии инлтеллектуалии Что, Где, Когда? ҳамасола миёни донишгоҳҳои шаҳри Томск аз ҷониби маркази байналмиллалии адаптатсионии Осиёӣ гузаронида мешавад.
Имсол дар бозӣ ҳашт гурӯҳ аз донишгоҳҳои гуногуни шаҳри Томск иштирок карданд. Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик таҳти роҳбарии Мубориз Мирзоев дар бозии имсола аз се даври авввл бо сарбаландӣ гузашта, соҳиби мақоми дуюм гардиданд. Худи Мубориз бозигари беҳтарини бозии интеллектуалии Что, Где, Когда-2016 дониста шуд.
"Имсол ман дар гурӯҳам танҳо донишҷӯёни тоҷикро интихоб кардам. Ният дорем, ки соли оянда бо тайёрии пухта ҷои аввалро ба даст биёрем",-мегӯяд бо боварӣ роҳбари гурӯҳ Мубориз Мирзоев дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Саволҳои бозии интеллектуалӣ ҳамаи соҳаҳоро дар бар гирифт. Шартҳо аз фаннҳои техникӣ, ҷомеашиносӣ, таърих ва ғайраҳо иборат буданд. Ба гуфти Мубориз саволҳо мушкил буданд, вале бозӣ барои ҳамаи донишҷӯён дарси хеле хуб буд. Шиносоӣ бо донишҷӯёни дигар донишгоҳҳоро Мубориз махсусан қайд кард.
"Саволҳо мушкил буданд. Вале баъди иштирок мо боз дониши худро аз ҳама ҷиҳат сайқал додем, он саволҳоеро ки намедонистем, акнун ба осонӣ метавонем ҷавоб гардонем. Бозӣ барои ҳамаи мо муфид буд, аммо шиносоӣ ва дӯст шудан бо донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо бароям арзиши бештар дорад",-мегӯяд бо боварӣ Мубориз.
Мубориз Мирзоев вақти холии худроо беҳуда намегузаронад. Ба ҳавои сарди шаҳри Томск нигоҳ накарда ҳамроҳи дигар донишҷӯёни тоҷик ба машқи бадан машғул мешавад.
"Ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи мо таҳсил мекунанд ба машқи бадан машғул мешаванд. Ман дар вақти холигиам гуштингирӣ мекунам",-изҳор дошт Мубориз.
Мубориз донишҷӯи бахши технологияи информатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Томск буда, бо ҳамин дастовардаш қонеъ шуданӣ нест. Ӯ нақша дорад дар оянда таҳсилро бо тахассуси худ дар бахши магистрарута идома диҳад.
"Мехоҳам дар ягон кишвари хориҷ дар ҳамин соҳа дар магистратура таҳсил кунам. Агар дар хориҷ даст надиҳад пас таҳсилро дар ягон донишгоҳи техникии шаҳри Томск, донишгоҳе, ки соҳаи техникӣ дар он дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуда бошад, масалан донишгоҳи политехникӣ идома медиҳам ",-гуфт Мубориз.
Мубориз мегӯяд, ки донишҷӯёни тоҷик дар Томск натанҳо якҷоя дарс мехонанаду машқ мекунанд, балки аксари ҷаншҳоро бо ҳам қайд мекунанд.
"Баъзе аз дӯстонамон ба шаҳри Маскав назди хешовандон мераванд. Вале аксари мо дар Соли нав дар Томск ҳастем ва албатта Соли нави мелодиро якҷоя ҷашн мегирем",-хулоса кард Мубориз.