ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik.Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт 150 рӯзи ободонӣ эълон намуд. Иқдоми мири шаҳр дар бораи эълон намудани 150 рӯзи ободонӣ ва ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар пойтахт таҳти унвони «Хуррамгардонии Душанбешаҳр — рисолати сокинони пойтахт!» гузаронида мешавад.
Ҳамин тавр, тибқи ахбори хадамоти матбуоти шаҳрдории Душанбе санаи 6-уми феврали соли равон раиси шаҳр қарор кард, ки дар пойтахт 150- рӯзи ободонӣ эълон карда шавад.
Тибқи маълумоти дафтари матбуот ин иқдом, на танҳо барои хуррамгардонии пойтахт гузаронида мешавад, балки ба хотирӣ пешвози Иди Ваҳдати миллӣ низ, равона карда шудааст.
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ аз 1-уми феврал то 27-уми июн дар Душанбе 150 рӯзи ободонӣ эълон шуд.
Ҳамин тавр раиси шаҳр сохторҳои дастгоҳи иҷроияи шаҳрӣ, корхонаву ташкилотҳоро вазифадор намуд, ки барои амалӣ намудани ин иқдоми вай ба корҳои созандагӣ машғул шуда, қарори мазкурро амалӣ намоянд.
Ғайр аз ин мири шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор кардааст, ки якҷоя бо роҳбарони корхонаю идораҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷалби аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахусус ҷавонон дар мазеъҳои муайянгардида ба ниҳолшинонӣ машғул шуда, нигоҳубунӣ минбаъдаи онҳоро риоя кунанд.
Васоити ахбори умуми шаҳр низ, дар навбати худ ӯҳдадлоранд, аз рафти чорабинӣ ба сокинон гузориш омода кунанд.
Ёдовар мешавем, ки санаи 2-уми феврали соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт якҷоя бо иҷрокунандаи вазфаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маъракаи ниҳолшинониро дар пойтахт оғоз бахшид.
Ҳамин тавр, раисҷумҳур ба роҳбарияти Душанбе ва масъулин вазифа дод, ки барои сазовор ҷашнгирифтани иди байналмиллалии Наврӯзомодагӣ бинанд.