ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки мансабдорон дар мавсими зимистон шабонарӯзӣ навбатдорӣ кунанд, хабар дода мешавад дар сомонаи шаҳрдорӣ.
Раиси шаҳри Душанбе ба роҳбарони ширкати "Барқи тоҷик", маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, дегхонаҳои "Ғарбӣ" ва "Шарқӣ" ҷиҳати роҳандозӣ намудани навбардории шабонарӯзӣ дастур дод.
Мувофиқи қарори раиси шаҳр навбатдории мансабдорон моҳҳои январ ва феврал давом дошта, аз мудирони шуъбаҳои ноҳияҳо то ноиби аввали раиси пойтахтро дар бар мегирад.
Мақсади асоси қарор таъмини фаъолияти муназзами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, зоҳир намудани вокуниши фаврӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот, мусоидат намудан ба ҳаллу фасли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти ҳамарӯзаи шаҳрвандон гуфта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оиди қабули муроҷиати шаҳрвандон ба таври онлайн қарор бароварда буд.
Тибқи қарори мазкур шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳамарӯза арзу шикоятҳои худро тариқи www.dushanbe.tj, почтаи электронии раиси шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com сомонаҳои иртиботии иҷтимоӣ бо раиси шаҳри Душанбе "Твиттер", "Фейсбук", "Мо метавонем", "Бе миёнаравҳо" ва бо телефонҳои боварӣ, равон намоянд.