Сардиҳо дар музофоти Бадахшон ҷони 19 нафарро рабуд

© REUTERS \ Mohammad IsmailСардиҳо дар Афғонистон, акс аз бойгонӣ
Сардиҳо дар Афғонистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбарияти музофоти Бадахшон кӯшиш дорад, роҳҳои 12 ноҳияи вилоятро, ки дар натиҷаи фаромадани тӯдаи барф маҳкам шудааст, тоза кунад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik.Дар ду рӯзи охир резиши барфи зиёд дар шимоли Афғонистон ҷони 19 нафарро рабуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Rueters.

Ба гуфтаи намояндаи губернатори музофоти Бадахшони Афғонистон Навид Фротан дар натиҷаи тарма 19 нафар вафот карда, 17 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Шумораи қурбониён аз ҳисоби  фурӯ рехтани бомҳо ва садамаҳои нақлиётӣ низ зиёд гардидааст.

Барф. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ аз бориши барф то 3-феврал ҳушдор медиҳад

Ҳоло роҳбарияти музофот кӯшиши барқарор намудани оқибатҳои ин офати табииро карда истодааст. Тарма 18 хоҷагиро ҳам вайрон кард. Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагон фаъолият дорад.

Дар натиҷаи офати табиӣ 250 автобус ва мошин дар роҳи Қандаҳор — Кобул  дар мондаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи резиши барф дар Тоҷикистон низ 8 нафар қурбон гаштанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода фармон дод, ки барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз тамоми воситаҳо истифода баранд.

Лентаи хабарҳо
0