Ҳалокати ду ронанда аз беэҳтиётии сокини ноҳияи Бохтар

© Sputnik / Сергей ПятаковСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи-поён” ба садама дучор шуда, мунҷар ба марги ду ронандаи дигар шуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 30-солаи сокини ноҳияи Бохтар ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи-поён" ба садама дучор гардида боиси марги ду ронандаи дигра шуд, хабар медиҳад хадамоти  матбуоти ВКД ҶТ.

Манбаъ меафзояд, ки санаи 1-уми феврали соли 2017, тахминан соати 23:50 ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", марди 30-сола ҳангоми ҳаракат дар роҳи  "Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи-поён", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш ба садама дучор шуд.

Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи садамаи нақлиётӣ генерал-майор Зариф Бобокалонов даргузашт

Ӯ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи "Мерседес-Бенс-1844 LS", марди 32-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки ба иваз намудани чархи қафои автомашинааш машғул буд, пахш намуд.

Баъдан ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", таҳти идораи ронанда, марди 25-солаи сокини ноҳияи Бохтар бархӯрд.

"Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс-1844 LS" ва ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд",-омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0