Дар пайи садамаи нақлиётӣ генерал-майор Зариф Бобокалонов даргузашт

© Sputnik / Илья ПиталевСадамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ
Садамаи нақлиётӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Зариф Бобокалонов 46 сол дошт. Ӯ вазифаи сардори Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар дӯш дошт

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар пайи садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа-майор Зариф Бобокалонов даргузашт, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи хадамоти матбуоти вазорати мудофиа Ҷамшед Ҳусейнов.

"Садамаи нақлиётӣ замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Бобокалонов сари чамбараки мошин, аз кор ба хона бармегашт. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, генерал ба сактаи қалбӣ дучор шуда, аз ин сабаб мошинаш ба автомобили дигар бархӯрдааст",-гуфт намояндаи хадамоти вазорати мудофиаи кишвар.

Ба қавли ӯ баъди садамаи нақлиётӣ сардори Ситоди генералиро ба беморхона бурданд, вале ӯ аллакай ҷон дода буд. Генерал-майор Зариф Бобокалонов ҳамагӣ 46 сол дошт. Ӯ ба вазифаи фармондеҳи Ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми январи соли 2014 таъин шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0