Эмомалӣ Раҳмон судяҳои вилояти Суғд ва Хатлонро аз вазифа озод кард

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз якқатор судяҳоро аз вазифаашон сабукдӯш намуд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон бароварда, судяҳоро аз вазифа барканор намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Ғоибназар Амирхоҷа аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон,Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шаванд",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунни Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифа озод карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0