ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия вохӯрии Сафири Фавқуллода ва Мухтори Тоҷикистон Имомауддин Сатторов бо чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистону Русия Зулфия Миршакар — духтари шоири машҳури тоҷик Мирсаид Миршакар ва Валерий Аҳадов — коргардони кино баргузор гардид, хабар медиҳад Сафорати ҶТ дар Русия.
Зулфия Миршакар — актриса, номзади илмҳои филологӣ дар вохӯрӣ ба сафир китоби худ — "Вкус Мёда"("Маззаи асал)-ро тақдим кард.
Яке аз мавзӯи асосии вохӯрии сафир ва фарҳангиёни тоҷик ташкили чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикситону Русия гардид, қайд мекунад хадамоти матбуоти сафорат.
"Умедворам, ки дар чорчӯбаи чорабиниҳои бахшида ба барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Русия китоби "Маззаи асал" ва филми машҳури коргардон Валерий Аҳмадов — "Храмой дарвеш"("Дарвеши ланг")"дар Маскав руйнамоӣ мешаванд",- гуфт дар сӯҳбат Имомуддин Сатторов.