Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам дар бораи коррупсия машварат кард

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРастами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукуматии ҷумҳурӣ
Растами Эмомалӣ дар маҷлиси ҳукуматии ҷумҳурӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ , роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот машварати корӣ доир кард

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik.Тибқи маълумоти дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, имрӯз президент якҷоя бо мири шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ машварати корӣ баргузор намудааст.

Мавзӯи асосии нишасти имрӯза   вазъи боду ҳавои кишвар ва сардиҳои рӯзҳои ахир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба боришоти рӯзҳои охир ба масъулини сохторҳои дахлдор, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ супориш дод, ки барои таъмини бехатарии аҳолӣ чорабиниҳо андешида шавад.

Президенти мамлакат ҳамчунин доир ба вусъати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмини амнияти роҳҳо ва нақлиёти заминӣ дастурҳои мушаххас дод, омадаст дар хабар.

Мавзӯи фасод низ дар кори машварат яке аз баҳсҳои асосӣ гардид, менависад хадамоти матбуоти президенти кишвар.

Лентаи хабарҳо
0