Кам шудани мусодираи нашъа ва хатсайрҳои нави қочоқбарӣ дар ҶТ

© SputnikСӯзонидани маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Сӯзонидани маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таҳкими ҳифзи марзи Тҷикистон бо Афғонистон қочоқчиёнро маҷбур сохт, то хатсайри худро иваз кунанд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Гурӯҳҳои қочоқбарон хатсайрҳои интиқолии худро аз Афғонистон ба Тоҷикистон дигар мекунанд, хабар дод роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода.

Ба қавли ӯ иваз намудани хатсайр дар навбати аввал  ба таҳкими сарҳад бо Афғонистон бастагӣ дорад.

"Масалан соли гузашта ба хотири ба дастгир нашудан, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз афташ хатсайрҳои чоқочбариро хеле хуб медонад, дар сарҳади Афғонистон бо Эрон бо 137 кило ҳероин дастгир гардид",-шарҳ дод Салимзода.

Машруби ҳероинӣ: роҳҳои интиқоли нашъа аз Тоҷикистон

Ивазшавии хатсайр сабаби кам шудани ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир мегардад.

Роҳбари Агентӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки соли 2016 дар Тоҷикистон фаъолияти 62 гурӯҳҳои ҷиноӣ манъ карда шуд. Ин нишондод дар қиёс бо соли 2015 каме зиёдтар аст. Он замон фаъолияти 60 гурӯҳ пешгирӣ шуда буд.

Нобуд кардани маводи нашъадор

Дар баробари ин кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти ҶТ зиёда аз 430 кило маводи мухаддирро дар танур сӯзониданд.

Дар ҳузури комиссияи махсус ҳашиш, марихуанна, афюн ва ҳероин ба оташдон партофта шуданд.

Нобудсозии маводи мухаддир бори охир тирамоҳи соли 2016 анҷом дода шуда, 300 кг-ро такшил дод.

Лентаи хабарҳо
0