Машруби ҳероинӣ: роҳҳои интиқоли нашъа аз Тоҷикистон

Обуна шудан
Қочоқчиёни маҳаллии маводи нашъа дар пошнаи пойафзол, даруни муқоваи китоб, дохили бозичаҳои кӯдакона ва хамираи дандоншӯйӣ онро интиқол медиҳанд. Агентии назорат аз болои маводи нашъадор осорхонаи хурдеро аз ин "бозёфт"-ҳо пешниҳоди тамошобинон кардааст.

Осорхона ҳамагӣ як ҳафта қабл таъсис ёфтааст ва на он қадар "бозёфт"-и зиёд дорад. Ин ҳоло оғози кор аст, мегӯяд сардори маркази равобит ба ҷомеъаи АНМН Хушнуд Раҳматуллоев. Дар оянда васеъ кардани осорхона дар назар гирифта шудааст, агар "дастовард"-ҳо бештар шаванд, қайд кард ӯ.

Дар осорхона бозёфтҳои ҳақиқӣ нигаҳ дошта мешаванд. Дар онҳо нашъаҷаллобон мехостанд аз Тоҷикистон ба хориҷи он тариқи роҳи оҳан ва нақлиёт ҳероину афюнро интиқол диҳанд.

— Ин амал тариқи ҳавопаймо имкон надорад, — мегӯяд Раҳматуллаев. — Он ҷо, дар фурудгоҳ дастгоҳҳои махсус "мол"-ро зуд ташхис мекунанд.

Аз ин рӯ, бо роҳи ҳавоӣ танҳо интиқолкунандагоне ба интиқоли маводи мухаддира даст мезананд, ки бо роҳи фурӯ бурдан дар меъдаи худ ин амалро анҷом медиҳанд.

Ба таваҷҷуҳи онҳое, ки дар ин бора камтар маълумот доранд ва ё огаҳ нестанд, мерасонем, ки "контейнер", халтачаҳои майдаи ҳероиндор ва афюндорро фурӯ бурда, онро ба ҷои даркорӣ мебаранд. Баъзан вақт маводи мухаддираро тариқи дигар роҳ ба организм ворид карда, интиқол медиҳанд.

Чунин усул ба қочоқчиён имкон медиҳад, ки маводро интиқол дишҳанд, аммо фаромӯш набояд кард, ки ин хеле хатарнок буда, марг ба ҷони одам таҳдид мекунад.

Усули оддитарин ва маъмулии интиқоли нашъа, ки солҳои 30-40-и асри гузашта барои бурдани мавод аз Амрико ба Аврупо, қабл аз ҳама ба Олмон истифода мешуд, дар дохили пойафзол пинҳон кардани он маҳсуб мегардид. Дар мо ҳам ин таҷриба чандин дафъа "такрор" шудааст. Бори аввал соли 1996 чунин "ихтироъкор" дар Тоҷикистон боздошт шуд.

 

 

© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымДар чархи эҳтиётии нақлиёт низ маводи мухаддираро ҷо карда, онро интиқол медодаанд. Чунин бозёфтҳо дар осорхона ба назар мерасанд.
Чархи мошин - Sputnik Тоҷикистон
1/17
Дар чархи эҳтиётии нақлиёт низ маводи мухаддираро ҷо карда, онро интиқол медодаанд. Чунин бозёфтҳо дар осорхона ба назар мерасанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымНими ин таҷҳизот кафшер шуда, қисмашро бо сузишворӣ ва нисфи дигарашро барои интиқоли маводи нашъадор истифода кардаанд.
Баки бензин - Sputnik Тоҷикистон
2/17
Ними ин таҷҳизот кафшер шуда, қисмашро бо сузишворӣ ва нисфи дигарашро барои интиқоли маводи нашъадор истифода кардаанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымБарои интиқоли ҳероин аз туфлии мардона истифода мекардаанд. Пойафзол бояд як андоза аз пойи соҳибаш бузургтар бошад. Дар як ҷуфт пойафзол то ним кило ҳероинро интиқол додан мумкин будааст. Нархи як кило маводи сахттаъсири ҳероин дар Русия 20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Пойафзол - Sputnik Тоҷикистон
3/17
Барои интиқоли ҳероин аз туфлии мардона истифода мекардаанд. Пойафзол бояд як андоза аз пойи соҳибаш бузургтар бошад. Дар як ҷуфт пойафзол то ним кило ҳероинро интиқол додан мумкин будааст. Нархи як кило маводи сахттаъсири ҳероин дар Русия 20 ҳазор доллари амрикоӣ арзиш дорад.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымДар дохили телефони ҳамроҳ (дастӣ) низ қочоқчие мехост маводи мухаддирро интииқол диҳад.
Телефони ҳамроҳ - Sputnik Тоҷикистон
4/17
Дар дохили телефони ҳамроҳ (дастӣ) низ қочоқчие мехост маводи мухаддирро интииқол диҳад.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымИн ҳам "аҷиб" аст. Бо пораи собун маводи мухаддир ба ҷои даркорӣ интиқол меёфтааст)))
Пораи собун - Sputnik Тоҷикистон
5/17
Ин ҳам "аҷиб" аст. Бо пораи собун маводи мухаддир ба ҷои даркорӣ интиқол меёфтааст)))
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымМоеъи дохили зарфро холӣ карда, даруни онро бо хокаи "зарурӣ" пур мекардаанд.
Хамираи дандоншӯйӣ - Sputnik Тоҷикистон
6/17
Моеъи дохили зарфро холӣ карда, даруни онро бо хокаи "зарурӣ" пур мекардаанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымДар даруни хурмоҳо низ маводи нашъадорро ҷой мекардаанд. Ҳатто чанд сол қабл кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон аз дохили чормағзҳо ҳероин пайдо карданд.
Хурмоҳо - Sputnik Тоҷикистон
7/17
Дар даруни хурмоҳо низ маводи нашъадорро ҷой мекардаанд. Ҳатто чанд сол қабл кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон аз дохили чормағзҳо ҳероин пайдо карданд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымИн ҳам як роҳи маъмулӣ ва оддии интиқоли нашъа маҳсуб меёбад.
Тюбики малҳам - Sputnik Тоҷикистон
8/17
Ин ҳам як роҳи маъмулӣ ва оддии интиқоли нашъа маҳсуб меёбад.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымДар дохили зарфи холишудаи ширеш қочоқчиён хокаи ҳероинро ҷо мекардаанд. Албатта барои иниқол ва фурӯш.
Ширеш - Sputnik Тоҷикистон
9/17
Дар дохили зарфи холишудаи ширеш қочоқчиён хокаи ҳероинро ҷо мекардаанд. Албатта барои иниқол ва фурӯш.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымҚочоқчиён усули хосаи интиқоли ҳероинро дар дохили зарфи коняк медонистаанд. Бо кадом роҳи кимиёвӣ ҳероинро ба ҳероини моеъ табдил дода, дар ҷои зарурӣ бори дигар онро тариқи буғ кардан ба хока табдил медодаанд.
Шишаи машруб (коняк) - Sputnik Тоҷикистон
10/17
Қочоқчиён усули хосаи интиқоли ҳероинро дар дохили зарфи коняк медонистаанд. Бо кадом роҳи кимиёвӣ ҳероинро ба ҳероини моеъ табдил дода, дар ҷои зарурӣ бори дигар онро тариқи буғ кардан ба хока табдил медодаанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымМаълумотномаи ҳуқуқии Михаила Барщевский барои қочоқчӣ пинҳонгоҳи "махсус" маҳсуб меёфт. Аммо сирри ӯ фош шуда, ба дасти мақомот афтид.
Китоб - Sputnik Тоҷикистон
11/17
Маълумотномаи ҳуқуқии Михаила Барщевский барои қочоқчӣ пинҳонгоҳи "махсус" маҳсуб меёфт. Аммо сирри ӯ фош шуда, ба дасти мақомот афтид.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымАкнун ин бозичаи кӯдакона нест. Дар дохили он қочоқчиён маводи мухаддира интиқол додан мехостанд...
Бозичаи мулоим - Sputnik Тоҷикистон
12/17
Акнун ин бозичаи кӯдакона нест. Дар дохили он қочоқчиён маводи мухаддира интиқол додан мехостанд...
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымДар дохили тӯбчаи теннис низ ҳероин ҷо карда, қочоқчиён пул кор кардан мехостаанд.
Тӯбчаи теннис - Sputnik Тоҷикистон
13/17
Дар дохили тӯбчаи теннис низ ҳероин ҷо карда, қочоқчиён пул кор кардан мехостаанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымШарбате, ки болри миз гузошта шудааст, албатта таваҷҷӯҳи касеро ба худ ҷалб карда наметавонад... агар ба мақомот дар ин бора хабар надиҳанд.
Қуттии коғазии шарбат - Sputnik Тоҷикистон
14/17
Шарбате, ки болри миз гузошта шудааст, албатта таваҷҷӯҳи касеро ба худ ҷалб карда наметавонад... агар ба мақомот дар ин бора хабар надиҳанд.
© Предоставлено Хушнудом РахматуллаевымҲоло ҳар кадоми ин "бозёфт"-ҳо ҷойи худро дар осорхона пайдо мекунанд.
Махфигоҳҳо ошкор шуданд - Sputnik Тоҷикистон
15/17
Ҳоло ҳар кадоми ин "бозёфт"-ҳо ҷойи худро дар осорхона пайдо мекунанд.
© Sputnik / Ольга ТутубалинаХушнуд Раҳматуллоев, сардори маркази равобит бо ҷомеъа дар осорхонаи АНМН
Хушнуд Раҳматуллоевдар осорхонаи АНМН - Sputnik Тоҷикистон
16/17
Хушнуд Раҳматуллоев, сардори маркази равобит бо ҷомеъа дар осорхонаи АНМН
© Sputnik / Ольга ТутубалинаТайи 9 моҳи соли 2015 аз гардиши ғайриқонунӣ 716 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Мини-музей Агентства по контролю за наркотиками - Sputnik Тоҷикистон
17/17
Тайи 9 моҳи соли 2015 аз гардиши ғайриқонунӣ 716 килограмм маводи мухаддир мусодира шудааст.
Лентаи хабарҳо
0