ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik.Дар Тоҷикистон низомиёни Округи ҳарбии марказӣ(ОҲМ) дар доманакӯҳҳои Помири Шарқӣ аз омӯзиш гузаштанд.
"Ҳарбиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар доманакӯҳҳои Помири шарқӣ аз тайёрии психологӣ гузашта истодаанд. Барои машқ роҳи махсус бо дарозии 10 км ҷудо карда шудаааст, ки он аз роҳҳои печ дар печ, пастиву баландиҳои зиёд, гардишҳои якбора ва чуқуриҳо иборат аст",- хабар медиҳад хадамоти матбуоти ОҲМ.
Қайд карда мешавад, ки ба барномаи ронандагии низомиён муборизаи диверсантон, безараргардонии норинҷакҳо, гузаштан аз монеаҳо ва деворҳои оташин дохил мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои Вазорати мудофиа ФР тайёрии психологӣ дар соли 2016 қисме аз омӯзишҳои низомии ҳарбиёни ОҲМ гардидааст.
Барномаи ронандагии экстрималӣ имконият медиҳад, ки устуворӣ ва ягонагии низомиёнро имтиҳон кунанд. Мувофиқи натиҷаҳои машқ психологони низомӣ ба фармондеҳон кӯмак мерасонанд, ки то кадом андоза тайёр будани низомиёнро дар ин гуна машқҳои омӯзишӣ ва низомӣ санҷида шавад.