Гугуш: агар аз хонаи дуюмам ҳам пеш кунанд, боз беҷо мемонам

© Фото : FacebookСарояяндаи эронӣ Гугуш. Акс аз бойгонӣ
Сарояяндаи эронӣ Гугуш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарояндаи саршиноси Эрон-Гугуш мегӯяд, ки дар сурати аз хонаи дуюмаш (ИМА)берун кардан ӯ боз беҷо мемонад

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Гугуш дар мусоҳиба бо Ewronews мегӯяд, дар баробари доштани корти сабз ва кафолатҳои алоҳида ӯро зимни бозгашт ба ИМА ҳиссиёти ногувор фаро гирифтааст.

Қарори президенти ИМА Доналд Трамп оиди манъи дохил шудани шаҳрвандони 7 кишвари мусалмоннишин тақдири ҳазорон нафарро зери хатар гузошт. Дар байни онҳо овозхони саршиноси Эрон-Гугуш низ ҳаст.

Саши Заифӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хушию хафагиҳои Саши Заифӣ дар Маскав: ҷои тоҷикон Тоҷикистон аст

"Ба ҳар ҳол маро ҳиссиёти 37 сол қабл, соли 1980-ум фаро гирифтааст. Он замон ман аз Лондон ба Эрон бармегаштам ва интизори оқибатҳои ногувор  будам. Мутассифона ҳиссиётам дуруст бромад ва баъди сари қудрат омадани низоми исломӣ ман 21 сол аз овозхонӣ маҳрум гаштам".

Сароянда мегӯяд, ки бо ҳуқуқшинос оиди муҳоҷират аллакай сӯҳбат кардааст.

"ИМА ватани дуюми ман аст, вале ман ҳарос дорам, ки маро нумегузоранд, то ба кишвар дохил шавам, чун ман зодаи кишвари мусулмоннишинам",-илова кард Гугуш дар сӯҳбат.

© Фото : официальная страница Гугуш в Facebook Сарояндаи саршиноси эронӣ-Гугуш
Иранская певица Гугуш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарояндаи саршиноси эронӣ-Гугуш

Ба савол оиди шинос будан бо қарори нави Доналд Трамп сарояндаи эронӣ гуфт, ки агар ӯро ба хонаи дуюмаш низ роҳ надиҳанд, ӯ бояд дар ҷустуҷӯи макони нав шавад.

"Мӯҳлати раводиди шенгени ман баъди чанд моҳ ба итмом мерасад. Албатта ба Эрон ман баргашта наметавонам. Ҳамин тавр агар маро ба хонаи дуюмам низ роҳ надиҳанд, ман боз беҷо мемонам",-гуфт дар хулоса Гугуш.

Лентаи хабарҳо
0