Умедвории Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Ҷопон аз беҳтар гаштани муносибатҳо

Обуна шудан
Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Ҷопон ба муносибати барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон барқияи табрикотӣ ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Имрӯз Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ва президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдигарро ба муносибати 25-солагии барқарор гаштани муносибатҳои дипломатӣ байни ин ду кишвар ба воситаи барқияи табрикотӣ муборакбод намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон  ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ба муносибати солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон  барқияи табрикӣ ирсол намудааст, ки дар он омадааст:

— Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷопон рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду кишвар дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад.

Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҷопон Синзе Абэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Ҷопон таслият гуфт

Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ намудааст, ки муносибатҳои ду кишвар боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Дар навбати худ сарвазири Ҷопон низ дар барқияи табрикотии худ  қайд мекунад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон беҳтар гаштанд, аз ҷумла баъди дидори Синдзо Абэ аз Тоҷикистон соли 2015 муносибатҳо боз ҳам вусъат ёфтанд.

"Мо ният дорем, ки дар оянда низ рушди сохтори давлатию ҷамъиятӣ ва ташаккули иқтисоди бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди инфрасохтор, минтақаҳо ва омодасозии кадрҳоро дастгирӣ намоем",- менависад дафтари матбуот аз барқияи табрикотии сарвазир.

Ҳамин тавр сарони ду кишвар бо ирсоли барқия изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Лентаи хабарҳо
0