Эмомалӣ Раҳмон ба нахуствазири Ҷопон таслият гуфт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҷопон Синзе Абэ. Акс аз бойгонӣ
Вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҷопон Синзе Абэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи силсилаи заминларзахо дар қисмати ҷанубу шарқи Ҷопон наздики 40 нафар ҳалок гардида, беш аз 2 ҳазор сокинони ин кишвар осеб дидаанд, ҳамзамон манозили шаҳрвандон тахриб шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар Ҷопон, ки ба талафоти ҷониву хисороти зиёди молӣ боис гардиданд, ба сарвазири ин кишвар Синдзо Абэ номаи таслият ирсол намуд.

Роҳ ба сӯи Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон роҳҳои Тоҷикистонро мумфарш месозад

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президент, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки "хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам".

"Дар ин лаҳзаҳои сангин барои мардуми дӯсти Ҷопон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам", — омадааст дар нома.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар пайи силсилаи заминларзахо дар қисмати ҷанубу шарқи Ҷопон қариб 40 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор нафар сокинони ин кишвар осеб дида, зиёда аз 200 манзили зист хароб ё осеб диданд. Бар асари фаромадани сел роҳу пулҳо ва иншооти зиёде тахриб гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0