ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Баробари мавҷуд будани мушкилиҳои зиёди кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ЭврАзЭс баҳсҳои мавҷудбударо аз Иттиҳоди Аврупо дида, зудтар ҳал мекунад, боварӣ дорад коршиноси муносибатҳои байналмиллалӣ Евгений Прейгерман.
Ба гуфтаи вай, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз иттиҳоди Аврупо маншаъ гирад ҳам, дар бисёре аз ҷиҳатҳо аз ин иттиҳоди "калонсол" пешрафта аст.
"Ҳамгироии АвруОсиё, аз Иттиҳоди гумрук сар карда, то майдони ягонаи иқтисодӣ аз Иттиҳоди Аврупо сарчашма мегирад. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки ин ҷо мантиқи худро дорад- он дар заминаи таърихии мушаххас асос ёфтааст. Танҳо, омӯхтан лозим аст, ки чӣ тавр метавон бо фоидаи калон аз вай истифода бурд",- қайд кард ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Илова бар ин коршинос боварӣ дорад, ки ба муносибатҳои мушкил нигоҳ накарда, ЭврАзЭс равандҳои ноилоҷ надорад.
"Мо дар тӯли се чор сол ба ҷойе расидем, ки ба сӯйи он Иттиҳоди Аврупо 60 сол боз раҳсипор мешавад",- гуфт Прейгерман.