ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, номи мағозаи либосфурӯшии "I am different" муғойир ба қонуни забони давлатӣ буда, масъулонашро расман огоҳ кардаанд, ки онро ислоҳ намоянд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Раҳим Зулфониён, сармутахассиси Кумитаи забон ва истилоҳот 12 феврал гуфтааст, бо ин шакл номгузорӣ шудани мағозаи хусусии либос ва пойафзолфурӯшӣ дар Тоҷикистон ба қонуни забони давлатӣ мувофиқат намекунад ва номаш бояд иваз шавад.
Ҷаноби Зулфониён афзудааст, ки бар иловаи мухолифат доштанаш бо қонуни забони тоҷикӣ масъулони мағоза тамғаи "I am different"-ро ҳамчун номи мағоза истифода бурдаанд, ки ин ҳақро надоранд.
Ин мағозаи хусусӣ дар хиёбони Рудакӣ, дар рӯ ба рӯйи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҷойгир шуда, асосан ба фурӯши либосу пойафзол машғул аст. Масъулони он то ҳол огоҳии Кумитаи забонро шарҳ надодаанд.
Ахиран номгузорӣ шудани яке аз тарифҳои ширкати мобилии "Билайн" низ боиси баҳси доғ миёни Кумитаи забону истилоҳот ва ин ширкат шуд. Кумита мегӯяд, бояд ба ҷои "Любой ҷо" дар исми яке аз тарифҳои ин ширкат ибораи "самти дилхоҳ" ё "ҳама ҷо" истифода мешуд.
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, ширкати мобилии "Билайн" (Таком) яке аз таъруфа (тариф)-ҳои навашро "Любой ҷо" номгузорӣ кардааст, ки бо қонуни забони давлатӣ муғойират дошт ва пас аз машварат бо Кумитаи забон дар моҳи сентябри соли гузашта ин масъала ҳалли худашро пайдо кард.
Ширкат номи тарифашро иваз ва тоҷикӣ намуд.