ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Парвин Эргашева яке аз фаъолони гурӯҳи "Мо тоҷикон" (Мы таджикистанцы) ва ташаббускори ҷамъоварии маблағ, китобҳо ва номаи хурдсолони тоҷик ба Жакшилик Шералиев, мегӯяд, ки хабари суқути ҳавопаймо ҷомеаи Тоҷикистонро ба ларза овард.
"Албатта хабари танҳо мондани писари 9-сола моро хеле ғамгин кард".
Ба қавли Парвин ин ҳодиса заминҷунбии соли 1989-Шарораро ба ёдаш овард, ки дар ноҳияи Ҳисор ба вуқӯъ пайваста буд. Дар натиҷаи заминларзаи сахт он замон 200 нафар ҷон доданд. Танҳо кӯдаки навзод, ки ҳамагӣ 6 рӯз дошт, зинда монду халос. Баъдтар номи ӯро ба хотири деҳааш Шарора гузоштанд.
Вақте, ки дар бораи суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон хабар дода шуд, Парвин қарор дод, ки бояд ба онҳо кӯмак кунад.
"Аввал мо хостем танҳо ба сафорати Қирғизистон рафта гулчанбар гузорем, вале Қирғизистон барои мо ҳамсояи дӯст ҳаст ва танҳо гузоштани гулчанбар дар назди сафоратхона басанда нест",-шарҳ дод Парвин. Даъвати Эргашеваро барои кӯмак ба писари қирғиз сокинони зиёди Душанбе дастгирӣ карданд.
Ба қавли ӯ навиштани нома фикри дӯсташ Шӯҳрат Ҷураев буд. "Мо умед дорем, ки ин кӯдакон дар оянда бо ҳам дӯст мешаванд, чун онҳо рақамҳои телефон ва суроғаи электронии худр дар номаҳо навиштанд",-гуфт Эргашева ва илова намуд, ки интизор набуд, ки вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо чунин миннатдории баланд, вокуниш нишон медиҳад.