“Зиқ нашав, Худо туро дӯст медорад”: номаи кӯдакони тоҷик ба Жакшилик

© Фото : пресс-служба МИД КРВохӯрии муовини аввали вазорати корҳои хориҷии ҶҚ Динара Кемелова бо Жакшилик
Вохӯрии муовини аввали вазорати корҳои хориҷии ҶҚ Динара Кемелова бо Жакшилик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Жакшилик баъди суқути ҳавопаймо дар Бишкек танҳо монд. Фаъолони хурдсоли Тоҷикистон ба ӯ нома, расмҳо ва бозичаҳо фиристоданд

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Кӯдакон аз Тоҷикистон ба Жакшилики ҳафтсола, ки баъди фоҷиа танҳо монд, нома, расмҳо ва бозичаҳо фиристоданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии ҶҚ.

Парвин Эгашева яке аз фаъолони ҷомеаи Тоҷикистон ба сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон муроҷиат карда, ба писараки танҳо китобҳо, расмҳо ва номаҳоро фиристод. Ӯ намояндаи гурӯҳи фаъоли интернетии  "Мо тоҷикон" (Мы, таджикистанцы), ки 14 ҳазор аъзо дорад,  мебошад.

© Фото : пресс-служба МИД КРНомаи кӯдакони тоҷик ба Жакшилик
Письмо 12-летней Сафины из Таджикистана Жакшылыку - Sputnik Тоҷикистон
Номаи кӯдакони тоҷик ба Жакшилик

Ба қавли ӯ тоҷикистониёни зиёде дар бастагӣ бо суқути ҳавопаймо ба аъзои оилаи қурбониён изҳори ҳамдардӣ мекунанд. Зиёда аз ин сокинони шаҳру навоии гуногуни кишвар мехоҳанд ба ҷабрдидагон кӯмак расонанд, вале имконияти ҷамъоварӣ ва фиристодани онро надоранд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фаъолони шаҳри Душанбе маблағи пулӣ ба қадри 250 доллар, 3 китоб ва ҳамчунин бозичаҳову номаҳоеро, ки кӯдакон навиштаанд ҷамъоварӣ карда,ба Қирғизистон фиристоданд.

Чуноне ВКХ-и Қирғизистон менависад дар номаҳояшон кӯдакон ба Жакшилик менависанд, ки зиқ нашавад.

© Фото : пресс-служба МИД КРНомаи писари 9-сола аз Душанбе ба Жакшилик
Письмо 9-летнего мальчика из Душанбе Жакшылыку - Sputnik Тоҷикистон
Номаи писари 9-сола аз Душанбе ба Жакшилик

"Зиқ нашав. Худо туро дӯст медорад. Мо бо ту ҳастем. Маҳзун нашав, ту албатта дӯстони зиёде пайдо мекунӣ. Мо аз дидор ва мулоқот бо ту шод мешавем! То боздид!",-менависад манбаъ аз суханони кӯдакон.

Алмосбек Отамбоев барои оромии рӯҳи қурбониёни суқути ҳавопаймо дуо кард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Шумо танҳо нестед”: Отамбоев шахсан ба хотири қурбониён дуо хонд

Ҳамсолони Жакшилик мехоҳанд бо ӯ дӯст шаванд ва суроғаи электронии худро ба ӯ навиштаанд.

Рӯзи душанбе дар вазорати корҳои хориҷии ҶҚ вохӯрии муовини аввали вазорат Динара Кемелова бо Жакшилику бобояш ва духтари амакаш баргузор шуд. Ба онҳо маблағи пулӣ ва номаҳои кӯдакон, ки аз Тоҷикистон равон карда шудаанд, супорида шуд.

Дар навбати худ оилаи Жакшилик ба фаъолони Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Санаи 16-уми январ тақрибан соати 7.30 ҳавопаймои Boeing 747-400 дар масофаи 1,5 километрии шаҳри Бишкек суқут кард. Ҳавопаймо ба минтақаи алоҳинишини Дача-Суу чаппа шуд. Дар пайи чаппа шудани ҳавопаймо 32 манзили зисти шаҳрвандон вайрон шуданд. 37 нафар ба ҳалокат расида, аз ин шумул 16 нафарашонро кӯдакон ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0