ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мусулмонони Русия, бо аҳли оила, фарзандон, ёру дӯстон барои тамошои намоишномаи "Васиятномаи аздастрафта" (Утерянное завещание) омада буданд.
Дирӯз дар толори Крокус сити Холл башида ба мавлуди Пайғамбар Ҳазрати Муҳаммад (с) намоишномаи "Васиятномаи аздастрафта" баргузор шуд.
Қабл аз шурӯъ шудани намоиш муфтии шаҳри Маскав, имомхатиби масҷиди ҷомеи пойтахти Русия Элдар Аляутдинов баромад карда қайд намуд, ки "Васитяномаи аздастрафта"-ин зиндагии ҳозира, оянда ва гузашта мебошад.
"Ин сайре тариқи асрҳо мебошад, нигоҳе ба гузаштаи худ аст. Аз ҳама муҳимаш ин таҳлили фардӣ, худшиносӣ аст",-гуфт муфтӣ зимни суханронӣ қабл аз шурӯъ шудани намоиш.
Толори намоишӣ аз тамошобинон пур шуд ва ҳар нафар бо ҳаяҷон шурӯъ шудани намоишро интизор буд.
Намоишнома бо пайдо шудани духтаре, (Бибигул Актан Суюншалина) ки бо сабаби ишқи ноком қасди ҷони худ карда, мехоҳад худро аз болои пул сарозер кунад, шурӯъ мешавад. Ногаҳон чашми роҳгузаре, ки дар ин мавзеъ сайру гашт мекард ба духтар меафтад ва ӯ наздик шуда, бо роҳҳои гуногун мехоҳад ӯро аз худкушӣ боздорад.
Ҳар дафаъе, ки духтар қарори худкушӣ мекунад, мард ба ӯ таърихе аз зиндагии шахсиятҳои барҷастаи мусулмонони Русияро нақл мекунад, ки чӣ гуна тавассути боварӣ ба Худо ва васиятномаи охирини Пайғамбар онҳоро ба ҳадафи асосӣ дар зиндагӣ расонид.
"Бӯҳрони тамаддун доиман хусусияти шахсӣ дорад",-мегӯяд, ҳикояткунанда, зиндагии бидуни маънавиёти духтари 20-соларо мисол оварда.
Ба гуфти ташаббускорон лоиҳа се ҳадафи асосиро пайгирӣ мекунад. Аввал шинос намудани тамошобинон бо шахсияти Пайғамбари Худо, дуюм додани маълумот дар бораи рушди ислом дар қаламрави шаҳрҳои мусалмонннишини Русия ва сеюм фаҳмонидани нақши дунёи маънавӣ дар зиндагии инсон.
Дар умум дар намоишнома 150 нафар банд буданд ва он дар давоми чанд моҳ омода карда шуд.Дар намоишнома ҳунармандони театр ва кинои рус Марат Башаров, Шамил Хаматов ва ҳунарпешаи қазоқ Бибигул Актан Суюншалина нақш офариданд.
Аксари тамошобинон бо аҳли оила ва фарзандонашон ба тамошои намошинома омада буданд.
Ба қавли Оиша, ки ҳамроҳи фарзандон ва ҳамсараш ба тамошои намошнома омадааст, хеле муҳим аст, ки кӯдакон аз хурдӣ бо мероси бойи динии худ шинос шаванд.
"Ман махсусан фарзандонамро бо худ гирифтам, то аз таърихи дини ислом бохабар шаванд",-гуфт Оиша дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Намоишнома на ба таври анъанавӣ балки бо истифодаи технолгияи замонавӣ ба саҳна гузошта шуда буд. Либосҳои ҳунармандон ба ҳодисаҳои таърихии ин ё он замон мувофиқат мекарданд.
"Ман интизор набудам, ки намошинома чунин шавқовар мешавад. Маро ороиши саҳна ва либосҳои ҳунармандон дар ҳайрат гузошт. Ҳамааш бисёр хушрӯй",-ибрози андеша кард яке аз тамошонбинони намоиш Равиля.
Ба цисми дигари тамошобинон на ороиши саҳна балки, маънои намошинома бештар писанд омад.
"Соли гузашта низ намоишномаи ба ин монанд буд, вале имсол намоишнома бисёр маънои амиқ дорад ва ҷавонони муосирро бо роҳи рост ҳидоят мекунад",-гуфт Илдар, намояндаи мусулмонони Ҷумҳурии Татаристон дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Намоишнома бо суруди се ҷавон, ки даъват ба аъмоли дуруст мекунанд, ба итмом расид. Намоишнома ба анҷом расида бошад ҳам, тамошобинон намехостанд толорро тарк кунанд.
Ташаббускорони лоиҳа гуфтанд, ки маблағи аз фурӯши чиптаҳо ба даст омада, дар доираи лоиҳаи "Закот"-"Поделись добром" ба ҷабрдидагони ҷанги Сурия бахшида мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки намоишнома дар дигар шаҳрҳои мусалмоннишин Русия ва дигар кишварҳо ба намоиш гузошта шавад.
""Васиятномаи аздастрафта" —ро мо дар шаҳри Қазон ва дигар шаҳрҳои Русия намоиш медиҳем. Агар аз дигар кишварҳои масалан, аз Тоҷикистон даъват шавад, албатта мо дар он ҷо низ намошномаро баргузор хоҳем кард",-гуфт дар хулоса муфтӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи пойтахти Русия Элдар Аляутдинов.