“Шумо танҳо нестед”: Отамбоев шахсан ба хотири қурбониён дуо хонд

© пресс-служба президента КР / Султан ДосалиевАлмосбек Отамбоев барои оромии рӯҳи қурбониёни суқути ҳавопаймо дуо кард. Акс аз бойгонӣ
Алмосбек Отамбоев барои оромии рӯҳи қурбониёни суқути ҳавопаймо дуо кард. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев имрӯз бо аъзоёни оилаҳои қурбониёни суқути ҳавопаймо вохӯрда, барои оромии рӯҳи онҳо шахсан дуо кард

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Алмосбек Отамбоев қайд кард, ки ҳар як ҷабрдида бояд бо манзили зист таъмин карда шавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.

Санаи 16-уми январ тақрибан соати 7.30  ҳавопаймои Boeing 747-400 дар масофаи 1,5 километрии шаҳри Бишкек суқут кард. Ҳавопаймо ба минтақаи алоҳинишини Дача-Суу чаппа шуд. Дар пайи чаппа шудани ҳавопаймо 32 манзили зисти шаҳрвандон вайрон шуданд. 37 нафар ба ҳалокат расида, аз ин шумул 16 нафарашонро кӯдакон ташкил дод.

Раисҷумҳури Қирғизистон ба наздикони оилаҳои ҳалокшуда, изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

"Ин барои тамоми қирғизистониён талафоти ҷуброннопазир аст. Ҳамаи аъзоёни оила, кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Ҳалокати мардум-ин андӯҳи бузург аст. Худро ба даст гиред! Шумо танҳо нестед, ҳамаи мардуми Қирғизистон бо шумоянд. Ҳар як қирғизистонӣ ин ҳодисаро чун фоҷиаи шахсӣ қабул кард",-гуфт Отамбоев.

Суқути ҳавопаймо дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Қирғизистон ба оилаҳои қурбониён 1 ҳазор доллар ҷудо кард

Президент шахсан дбарои оромии рӯҳи ҳалокшудагон дуо карда, қайд кард, ки ҳар як ҷабрдида бояд бо манзили зист таъмин карда шавад.

"Давлат барои ёрӣ ба қурбониён албатта маблағ меёбад. Маблағе, еи дар сарҳисоби МЧС аз ҳисоби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҷамъ шудааст, бояд оқилона истифода шавад. Ин масъаларо ман шахсан аз рӯзҳои аввали фоҷиа таҳти назорати шахсӣ гирифтам",-гуфт Алмосбек Отамбоев.

Иштирокчиёни ҷаласа ҳамчунин масъалаи пардохти кумакпулӣ ба ҷабрдидагон, таъмини  бо дору ва раонидани ёрии тиббӣ, кӯмаки иҷтимоӣ ба кӯдакон ва дигар масоили монандро баррасӣ карданд.

Лентаи хабарҳо
0