Дар Тоҷикистон дар бораи қазоқҳо китоб навиштанд

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНамоиши китобҳо, акс аз бойгонӣ
Намоиши китобҳо, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муаллифи китоб Абдусаттор Нуралиев тавассути китоб таъриху тамаддун, расму оин ва фарҳангу миллати қазоқҳоро бо омезиши таъриху фарҳанги тоҷикон дарҷ намудааст

ДУШАНБЕ,30янв —Sputnik.Дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон дар рафти ҳамоиши илмӣ китоби тозанашри доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуссатор Нуралиев таҳти унвони «Қазоқҳои Тоҷикистон» бо забони русӣ муаррифӣ гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ.

Дилшод Назаров бо ҳамсараш Нигина - Sputnik Тоҷикистон
Нашри китоб дар васфи қаҳрамони варзиши тоҷик Дилшод Назаров

Тибқи иттилои манбаъ муаллифи китоб  дар баромадҳои худ зикр намуд, ки ӯ тавассути ин китоб таъриху тамаддун, расму оин ва фарҳангу миллати қазоқҳоро бо омезиши таъриху фарҳанги тоҷикон дарҷ намудааст.

Илова бар ин дар китоб  оиди муносибат ва ҳамкорие, ки миёни ду давлат дар тӯли солҳо ба миён омадааст, маълумот дода мешавад.

Донишмандон дар рафти ҳамоиш таъкид намуданд, мутолиаи ин китоб барои боз ҳам васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон ва аз худ намудани фарҳангу тамаддуни миллатҳое, дар ҳудуди Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, аз манфиат холӣ нест, менависад дафтари матбуот.

Лентаи хабарҳо
0