ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Китоб "Дилшод Назаров- қаҳрамони олимпӣ" ном дорад.
Муаллифи он президенти Иттиҳоди журналистони соҳаи варзиш мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар китоби мазкур дар бораи дастоварҳои барҷастаи варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар 31-умин Бозиҳои Олимпӣ 2016 дар Рио-де-Женейро нақл карда мешавад.
Дар Бозӣ Тоҷикистонро 7 нафар варзишгарон муаррифӣ мекарданд ва танҳо як нафари онҳо тавонистанд медал ба даст оранд: дар мусобиқаи гурзпартоӣ Дилшод Назарови 34-соларо касе натавонист мағлуб кунад.
Гузашта аз ин, ғолибияти варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Олимпӣ аввалин ва ягона медали тилло дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Китоб аз тарафи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷоя бо Иттиҳоди журналистони соҳаи варзиши кишвар ба табъ расонида шуд. Китоби мазкур барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст, аз ҷумла ҷавонон, донишҷӯён ва профессорон, мутахассисони саноат, муаррихон ва муҳаққиқон, журналистон варзишӣ ва мухлисони варзиш метавонанд аз он истифода баранд.