Манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон ғайриқонунист ё бояд аз фарҳанги бегона даст кашид?

© Sputnik / Алексей КуденкоЗанон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
Занон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вокуниши Рамзан Қодиров ба вазири маорифи Русия, ки пӯшидани ҳиҷобро дар мактабҳо манъ мекунад дар ҷомеаи мусалмонии кишварҳои гугогун баҳси калонеро ба миён овард. Афкори фаъолони тоҷик дар гирди ин масъала дар Тоҷикистон пешниҳоди шумо мешавад

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.Устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев мегӯяд, ки муассисаи онҳо ба ин гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ нашудааст.

Ҳар донишгоҳ талаботи худро дорад

"Пӯшидани ин ё он намуди либос, аз ҷумла ҳиҷоб кори шахсии ҳар кас аст. Аммо чун донишгоҳи мо дунявист, мо донишҷӯе надорем, ки  бо ин намуди либос ҳозир шаванд",- мегӯяд вай.

Ба гуфтаи устоди донишгоҳ муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла таҳсилотӣ  оинномаи худро доранд, ки  баробари дохил шудан, донишҷӯ ӯҳдадор мешавад,  талаботҳои оинномаро иҷро кунад. Аз ҷумла вобаста ба  либос, мегӯяд Шариф Муллоев.

"Агар донишгоҳи мо динӣ ба ҳисоб мерафт, пас марҳамат мо мувофиқи қонуни дохилӣ метавонистем ба пӯшидани ҳиҷоб иҷоза диҳем",- илова намуд вай.

Рамзан Кадиров, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси Рамзан Қодиров дар бораи ҳиҷоб: оё маориф дигар мушкилӣ надорад, ҷуз рӯймол?

Шариф Муллоев мутмаин аст, ки пӯшадни либос маъно эътиқодро надорад. Ва ҳиҷоб дар системаи маорифи Тоҷикистон мушкилии рақами як нест, ки аз пайи ин масъала рафт.

"Фақат бояд як чизро дар назар дошт, ки ҷомеа аз ҳар гуна падидаҳои ифродагорӣ маҳдуд карда шавад. Ҳоло масъалаи муҳими тамоми ҷаҳон ин мубориза бурдан бо эктримизми сиёсиву динӣ ба ҳисоб меравад",- хулоса намуд Шариф Муллоев.

Ҳиҷоб аз фарҳанги мо нест

Баробари он, ки ҳиҷоб дар ислом вуҷуд дорад, аммо барои тоҷикон ин намудаи либос аз  фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад, изҳор дошт корманди Академияи илмҳои Русия Раҳим Бобохонов.

Ба ақидаи корманди калони илми маркази тамаддун ва минтақавии Интитути Африқои АИР  пӯшидани ҳиҷоб низ як ҷузъе аз фарҳанги бегона аст.

"Мо анъанаҳои миллии худро дорем, аз ҷумла либоси миллӣ- чакан, атлас ва рӯймол, ки зебо ва тоҷикона ҳастанд,  пурра метавонад ба талаботҳои ислом ҷавоб диҳад", — мегӯяд вай.

Ба фикри Раҳим Бобохонов  бояд дин аз давлат пурра ҷудо карда шавад, аз ҳамин сабаб рӯй овардан ба урфу одатҳои "бегона" низ дуруст нест.

Фарҳанги тоҷикиро аз исломӣ ҷудо кардан хатост

Ин дар ҳолест, ки собиқ раиси ҷамъитяи тоҷикони Маскав Абдулло Давлатов  изҳор медорад, ки фарҳанги тоҷикиро аз  фарҳанги исломӣ ҷудо кардан ягон маъно надорад.

"Аммо барои онҳое, ки фарҳанг будани ҳиҷобро инкор мекунанд, барои чӣ фарҳанги урёнгардии авурупоӣ фарҳанг асту ҳиҷоб фарҳанг нест?",- мегӯяд вай.

Фарҳанги исломӣ ба мо бегона аст  гуфтан, ягон маъно надорад, мусалмон будан ва тоҷик будан ду мағзи як чормағз аст, ки аз ҳамдигар ҳеҷ гоҳ ҷудо набуд, илова кард Давлатов.

Ба фикри фаъоли ҷамеа либоспӯширо мавриди баҳс қарор гиирифтан ин як "аҳмақист" ва либос пӯшидан ин кори шахсии ҳар кас ба ҳисоб меравад.

Ӯ мегӯяд, ки кишваре, ки озодиро ба шаҳрвандонаш кафолат додааст ва пас аз он пӯшидани ин ё он либосро манъ мекунад, ҳуқуқи шаҳрвандонро поймол кардааст.

"Ман тарафдорӣ озодӣ ҳастам, бигзор ҳар як кас худаш интихоб кунад, чӣ гуна либос мепӯшад, лекин ман зидди бараҳнагардӣ ва ҷорӣ шудани фарҳанги аврупоиям, ки  ба мо бегона аст ва зидди фарҳанги мо равона карда шудаст",- изҳор дошт вай.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Алайҳи “иҷозатнома”-и ришу ҳиҷоб парванда боз шуд

Давлатов мутлақо зидди он нафаронест, ки мегӯянд, мо фарҳанги либоспушии хуро дорем.

Ба фикри вай гузаштагони тоҷик ҳам либоси худро мувофиқи талаботи ислом мепӯшиданд, имрӯз танҳо тарзи пӯшидани он бо мурури замон ва талаботи муосир  дигар шудаасту халос.

"Гузаштагони мо пештар либоси миллӣ доштанд, лекин бо гузашти замон он дигаргун  шуд, ҳамон ҳиҷоб ҳам шакли замонавигаштаи докабандии момоҳои мост. Мисле оне ки мо имрӯз ҷелак намепӯшему "костюм" мепушем",- гуфт вай.

Ба гуфтаи собиқ раиси ҷамъияти тоҷикон бояд Тоҷикистон аз мубориза ба ин ё он падида даст кашида, рӯ ба бунёдкорӣ орад.

"Рӯҳонишавии  ҷомеа боиси беҳтар гаштани ахлоқи мардум мегардад ва ҷинояткорӣ дар ҷомеа камтар мешавад",- қайд кард вай.

Бо баробари ин маърифатнок набудан ва маълумоти кофии динӣ надоштани шаҳврандон Абдулло Давлатовро нигарон кардааст, ки боиси нофаҳмиҳо дар ҷомеа мешаванд.

"Дар Тоҷикистон шахсоне низ зиёданд, ки бо забон худро эътиқодманд хонада, аслан дар бораи дин маълумоти кофӣ надоранд, бояд илм омӯхт", —мегӯяд ӯ.

Агар мо бо ислом ва таъсири он ба ҷомеа бо таври дуруст муносибат кунем, ҷомеа солим мегардад ва пеш меравад, изҳор дошт Абдулло Давлатов.

"Лекин шаҳрвандонро аз ҳиҷоб пӯшидан ва масҷид рафтан манъ кардан, ин маънои поймол кардани ҳуқуқи онҳоро дорад",- хулоса намуд Абдулло Двлатов собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони Маскав.

Лентаи хабарҳо
0