Тоҷикистон дар интизори муколамаи сатҳи олӣ бо Покистон аст

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook / Гузариш ба медиабонкМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф дар Покистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Навоз Шариф дар Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, оиди мулоқоти дуҷониба дар сатҳи олӣ ба мувофиқа расид

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Имрӯз президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаҳои дуҷонибаро ҳаллу фасл кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади идомаи муколамаи сатҳи олӣ дар ояндаи наздик мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд",-омадааст дар иттилоия.

Парчами Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Покистон қасд доранд якҷо бо терроризм мубориза кунанд

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ дар рафти сӯҳбат, Эмомалӣ Раҳмон бо нахуствазири Покистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвари дӯстро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Қайл мегардад, ки сӯҳбат дар фазои дӯстиву бародарӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Дар хотимаи сӯҳбат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф сиҳатмандиву комгорӣ дар иҷрои рисолати ӯ баҳри рушду шукуфоии кишвари дӯст орзу намуд.

Лентаи хабарҳо
0