Тоҷикистон ва Покистон қасд доранд якҷо бо терроризм мубориза кунанд

© PixabayПарчами Покистон
Парчами Покистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон ва Покистон дар сададанд ҳамкорӣ дар муқобала бо терроризм, ҷинояткории мутташакил ва қочоқи маводди мухаддиро роҳандозӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Тоҷикистон ва Покистон тарҳи созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар муқобала бо ҷароимро таҳия карда он дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ВКД Тоҷикистон.

Рӯзи сешанбе дар Душанбе вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Ҳамроҳ бо сафири тозатаъйини Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Соомро дидор кард.

Ҷонибҳо итминони худро дар тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба баъд аз имзои созишномаи зикршуда таъкид карда ва зарурати фаъол кардани талошҳои дуҷониба дар муқобала бо терроризм, ҷароими созмонёфта ва қочоқи маводди мухаддирро изҳор доштанд.

Дар ин дидор Тариқ Иқбол Соомро зикр кард, ки суббот дар кишвар — ин муваффақияти бузурги халқи тоҷик аст, ки ба рушд ва шукуфоӣ мусоъидат мекунад ва дар ин амр саҳми вазорати корҳои дохилӣ бузург мебошад.

Соли 2004 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи "Ҳамокрӣ дар заминаи муқобала бо қочоқи маводди мухаддир, маводди мадҳушкунанда ва анвои зарурии тавлидоти маводди мухаддир" Созишнома имзо шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0