Кадрҳои баландихтисос зиёд мешаванд: мулоқоти Э. Раҳмон бо Питер Буриан

© Фото : официальная страница пресс-службы президента РТ / Гузариш ба медиабонкМулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Мулоқот бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи Иттиҳоди Аврупо Питер Буриан тақвияти бештари ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос манфиатбор арзёбӣ шуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дирӯз президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ вохӯрда, ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили соҳаи маорифро барррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва тамоюли густариши ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

"Барои тақвияти бештари ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм ҳавасмандӣ зоҳир гардида, дар ин самт тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои фанҳои дақиқ ва технологияҳои нав манфиатбор арзёбӣ шуд",-омадааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди кормандони Оҷонсии мубориза бо фасод - Sputnik Тоҷикистон
Афзоиши коррупсия: прокуратура 2, маориф 4 ва тиб 5 баробар ...

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Барномаи индикативии бисёрсола барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи минтақавии Иттиҳоди Аврупо барои Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Аз болоравии ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори хушнудӣ карда, ҷанибҳо ҷиҳати тақвияти муносибатҳо дар роҳи кам кардани таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0