Кӯшиши интиқоли 300 кг нос ба Қазоқистон пешгирӣ шуд

© SputnikНос, акс аз бойгонӣ
Нос, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарҳадчиёни қазоқ кӯшиши интиқоли ғайриқонунии 300 кг носро пешгирӣ карданд. Қочоқи нос дар яке аз қатораҳое, ки аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон раҳсипор мешуд, мусодира шуд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Қочоқчиён мехостанд қариб се сентнер носро аз Ӯзбакистон ва Қазоқистон ворид кунанд.

Мазбонони Қазоқистон дар вақти аз назар гузаронии яке аз қатораҳо кӯшиши ғайриқонунӣ ворид намудани носро пешгирӣ намуданд, хабар медиҳад РИА новости ба истинод ба хадамоти матбуоти сарҳадбонони қазоқ.

"Дастаи нуқтаи назоратии "Бейнеу ж.д." дар қатораи самти "Кунград — Бейне" ҳангоми аз назаргузаронии яке аз вагонҳо қочоқи носро ба вазни 284 кг дарёф намуданд ",- хабар медиҳад хадамоти матбуот.

Насвай - Sputnik Тоҷикистон
ВТ: таркиби нос 10 маротиба бештар маводҳои кимиёвии зараррасон дорад

Барандаи вагон аз қатора хориҷ карда шуд. Ҳамчунин намояндагои ҳифзи ҳуқуқ ва мақотҳои дахлдори ноҳияи Бейнау аз ин ҳодиса хабардор карда шуданд.

Нос- дар дахоли худ никотин дошта, аз донаҳои хурди рангашон сабз бо бӯйи ва маззаи нохуш иборат аст. Таркиби асосии он аз тамоку ё растании нос, оҳак (ё ба ҷои оҳак поруи мурғ ва ё уштур), растаниҳои гуногун, равған иборат аст. Барои беҳтар намудаи маззаи он ба нос хушбӯйкунандаҳои гуногун илова мекунанд.

Фурӯши нос дар Қазоқистон манъ карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0