Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мехоҳанд роҳи оҳани нав бунёд кунанд

© Sputnik / Игорь Агеенко / Гузариш ба медиабонкроҳо оҳан, акс аз бойгонӣ
роҳо оҳан, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
“Роҳи оҳани тоҷик” бо ҳамкорони ӯзбекашон самти нави роҳи оҳани тоҷикро ба Русия баррасӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Намояндагони роҳи оҳани  Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имконияти кушодани роҳи оҳанро ба воситаи Ӯзбакистон ба Русия баррасӣ мекунанд, мегӯяд муовини раиси КВД "Роҳи оҳани тоҷик" Усмон Қаландаров.

Роҳи оҳан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтимол аст, роҳи оҳани байни Тоҷикистону Узбакистон боз шавад

Ба гуфтаи вай, гап дар бораи роҳи оҳани Душанбе- Пахтаобод- Бойсун- Қаршӣ-Тошгузар меравад, ки  ин самт Туркманистонро миёнабур карда мегузарад.

Агар ин роҳ дар оянда бунёд гардад, масофаи пайвандкунандаи Тоҷикистону Русия наздиктар мешавад.

"Ин пешниҳод аз ҷониби Ӯзбекистон омӯхта мешавад ва ҳамкорони ӯзбеки мо хулосаи худро ба мо мерасонанд",- қайд кард вай.

Лентаи хабарҳо
0