ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Эҳтимол аст, Узбакистон ва Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳанро боз кунанд, хабар медиҳад Uzmetronom.com.
"Эҳтимол аст, ки корҳои азнавбарқароркунии роҳи оҳан, ки қисми марказии Узбакистонро бо водии Фарғона мепайвандад ва аз Тоҷикистон мегузарад шурӯъ шавад. Барқароршавии роҳи оҳан ва интиқоли бор тариқи ин роҳ ба ҳардуи кишвар ҳам манфиатовар хоҳад буд",-қайд мегардад дар хабар.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки қисми роҳи оҳани Тирмиз-Қурғонтеппа, ки соли 2011 бо сабаби хароб будани роҳ аз ҷониби мақомоти Узбакистон баста шуда буд, барқарор карда шавад.
Вақтҳои охир муносибатҳои байни Тоҷикистону Узбакистон нисбатан гарм шуда истодааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки намояндагони ду кишвар оид ба захираҳои об ва масъалаҳои сарҳадӣ муҳокимаронӣ карда, дар мавриди рушди муносибатҳои минбаъда изҳори омодагӣ намуданд.