ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik.Дар пойтахти Арабистон Саудӣ вохӯрии раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва муовини вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад Алмазият баргузор шуд, хабар медиҳад сомонаи парлумони Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Сауд иштирок дошт ва қайд намуд, ки кишвари араб Тоҷикистонро ба ҳайси шарики муҳими Арабистони Саудӣ мебинад.
Шоҳи Арабистон дастур дод, ки бо Тоҷикистон муносибатҳо дар соҳаи иқтисодӣ, туризм, коммуникатсия, энергетика ва нақлиёт беҳтар гардонида шавад.
Зуҳуров дар бораи сохтмони сарбанди НБО Роғун кишвари арабиро ба сармоягузории ин лоиҳаи бузург даъват кард. Ёдовар мешавем, ки бастани садди рарёи Вахш охирҳои моҳи октябри соли 2016 баргузор гардида буд. Дар оғози сохтмони сарбанд президенти Тоҷикистон шахсан иштирок намуд.
"Дар шароити мирӯзаи бӯҳрони молӣ Тоҷикистон ба ҷалб намудани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок дар сохтмони НБО Роғун ниёз дорад ва мо ба дастгирии Арабистони Саудӣ дар ин ҷода умед дорем",- гуфт Зуҳуров.
Ғайр аз ин сиёсатмадор аз ҳамкорони худ даъват намуд, ки дар лоиҳаи гузаронидани хатҳои барқ зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо иштирок кунанд.
Бахшида ба 25-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикуистон ва Арабистони Саудӣ намояндагони ду кишвар санаи иҷлосияи дувуми Комисияи муштараки байниҳукуматиро оид ба ҳамкорӣ дар Арриёз муайян карданд, ҳамчунин ташкил намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шуд.
Бояд қайд кард, ки соли 2016 Фонди рушди Саудӣ барои сармоягузорӣ якчанд лоиҳаҳои Тоҷикистонро интихоб намуд, ки яке аз онҳо роҳи автомобилгарди Кӯлоб- кулбаи Хумб ба ҳисоб меравад.
Инчунин аввалҳои соли 2016 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ба Арабистони Саудӣ бо сафари расмӣ ташриф овард.