Президент Худоёрзода Худоёрро вазири нақлиёти ҶТтаъин кард

Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи амалӣ намудани тағйироти кадрӣ Худоёрзода Худоёр Завқибекро вазири нақлиёти ҶТ таъин кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо фармонҳои президент Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек — Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Озода Раҳмон раиси дастгоҳи президенти ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафи занони вазифадор меафзояд: тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Бо фармонҳои президент Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Сулаймон Саид — Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин — муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло — иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ва мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод дар бораи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон — муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин — муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ — муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Набизода Мадина Раҳмат — Директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд", Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон — Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои тоҷик" ва Пиризода Ҷалил Сафар — Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанберо аз вазифа сабукдӯш кард

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони "Ҷаҳоннамо", Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд" ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.

Лентаи хабарҳо
0