Ширкати “Тоҷик Эйр” хатсайри Хуҷанд- Санк-Петербургро боз кард

© Фото : Пресс-служба "Таджик Эйр"Тайёраи "Таджик Эйр", акс аз бойгонӣ
Тайёраи Таджик Эйр, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хатсайри Хуҷанд- Санк-Петербург-Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе фаъол мегардад. Интизор меравад, ки парвози аввалини он санаи 9-уми октябр баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" парвозҳои худро ба самти Хуҷанд-Санк-Петербург оғоз мекунад.

Бино ба гуфти схангӯи ширкати ҳавопаймоӣ, хатсайри Хуҷанд-Санк-Петербург- Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзҳои якшанбе амалӣ мешавад. Парвозҳо бо тайёраи Boeing 757-200 сурат мегиранд. Интизор меравад, ки аввалин парвоз санаи 9-уми октябр амалӣ мешавад.

Чуноне қайд мегардад, то охири сол ширкати ҳавпаймоӣ мақсад дорад, ки хатсайрҳои Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе ва Кӯлоб-Москва-Кӯлобро аз нав барқарор кунад.

Аз фурӯрдгоҳи шаҳри Хуҷанд ширкати ҳавоии "Тоҷик Эйр" ҳоло хатсайрҳои хешро ба  самтҳои Душанбе, Москва, Новосибирск ва Сургут амалӣ карда истодааст.

Лентаи хабарҳо
0