Лавров: Ҳиндустон ва Покистон бояд то моҳи июн аъзои СҲШ шаванд

© Фото : Официальный сайт ШОС / Гузариш ба медиабонкДар штаб квартира СҲШ, акс аз бойгонӣ
Дар штаб квартира СҲШ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳамкориҳои Шанхай - барои пайвастани кишварҳои манфиатдор ташкил карда шудааст, ки ба критерияҳое дар ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нишондодашуда, мувофиқанд, мегӯяд вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik.Ба расмиятдарории  мақоми аъзогии Ҳиндустон ва Покистон ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай то моҳи июн бояд ба  охир расад.

Дар ин бора  вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров  қайд намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Вазир қайд намуд, ки СҲШ барои пайвастани кишварҳои манфиатдор ташкил карда шудааст, ки ба критерияҳои дар ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нишондодашуда, мувофиқанд.

"Умед дорем, ки моҳи июни ҳамин сол дар иҷлосияи сарони кишварҳо дар Остона   бақайдгирии мақоми аъзогии Ҳиндустон ва Покистон ба охир мерасад",- гуфт вазири корҳои хориҷии ФР.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон хостори ворид шудани Туркия ба СҲШ шуд

Вазир қайд кард, ки ин қадам вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхайро беҳтар мегардонад.

Лавров илова намуд, ки  СҲШ ташкилоти босубот ба ҳисоб меравад.

Аммо бояд дар оянда дар доираи ин созмон ҳамкориҳо тақвият бахшида шаванд.

Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки соли 2001-ум таъсис ёфтааст-Русия, Чин, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дохил мешаванд. Соли 2015 ба СҲШ раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон шурӯъ шуд. Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони лоиҳа ба ҳисоб мераванд.

Лентаи хабарҳо
0