ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Анқара масъалаи ворид шудан ба CҲШ-ро бо президенти ФР Владимир Путин ва роҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев муҳокима мекунад, изҳор дошт Тайиб Эрдуғон.
Чуноне президенти Туркия қайд кард, пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо роҳи ягона нест, хабар медиҳад РИА Новости.
"Brexit " метавонад пайҳн шавад, чунин овозаҳо аз Фаронса, Италия шунида мешаванд. Дар чунин шароит Туркия бояд худро ором ҳис кунад. Набояд гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо-роҳи ягона аст. Чаро Туркия аъзои СҲШ нашавад? Ин масъаларо ман бо Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев муҳокима кардам. Иштироки Туркия дар СҲШ ба мо озодии бештари амалиётро фароҳам меорад", изҳор дошт Эрдуғон зимни баргаштан аз Узбакистон.
Қаблан дар ҳамоиш, ки дар Истамбул шуда гузашт, Эрдуғон изҳор дошт, ки сарфи назар аз сатҳи тараққиёти Туркия, он барои мамолики Ғарб кишвари дараҷаи дуюм боқӣ мемонад.
Роҳбари Туркия қайд кард, ки раванди эътидоли муносибатҳо бо Русия дар роҳи рушд аст.
"Муносибатҳоямон дар ҳоли ҳозир бо Русия хуб ҳастанд. Ҳамааш яку якбора намешад. Санаи 5-6-уми декабри соли равон нахуствазири Туркия ба ФР сафар карда, дар семоҳаи аввали соли 2017 Шӯрои сатҳи олии Русия ва Туркия баргузор хоҳад шуд. Сафарҳои сатҳи олӣ идома мекунанд",-илова кард Эрдуғон.
Ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки соли 2001-ум таъсис ёфт-Русия, Чин, Казоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дохил мешаванд. Соли 2015 ба СҲШ раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон шурӯъ шуд. Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка шарикони лоиҳа ба ҳисоб мераванд.
Президенти Туркия Таййиб Эрдуғон бо сафари корӣ дар Узбакистон қарор дошт. Дар рафти вохӯрӣ бо иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии Узбакистон Шавкат Мирзиёев президенти Туркия руши муносибатҳои минбаъдаро муҳокима карда, қайд намуд, ки мехоҳад бо кишвари бародар ҳамкориҳоро тақвият бахшад.