Ҷудо шудӣ, хона хар: дар Узбакистон баъди талоқ хона аз они зан мешавад

© Sputnik / Alex TikhomirovЧалла. Акс аз бойгонӣ
Чалла. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Судяҳо вазифадор мешаванд, мурофиаи судиро оиди ҷудошавӣ ва тақсими моликият ба нафъи зан ҳал намуда, манзили зистро ба зан диҳанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон мехоҳад ба амалиёти ҷудошавӣ тағйиру иловаҳо ворид намояд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Тағйиру иловаҳо дар навбати аввал ба низоми ҷудошавиии  зану шавҳар ва таъмини зан бо хонаи истиқоматӣ дахл дорад.

Имрӯзҳо мурофиаи судӣ оиди ҷудо шудани оилаҳо алоҳида гузаронида мешавад. Яъне аввал масъалаи ҷудошавӣ, баъд масоили тақсими моликият ва баъд бо падар ё модар мондани фарзандон.

"Мо низомеро пешниҳод дорем, ки мувофиқи он зимни як мурофиа, ҳам ҷудошавӣ ҳам бо кӣ мондани фарзандон ва аз ҳама муҳимаш-бо хонаи истиқоматӣ таъмин намудани фарзандон ва зан баррасӣ карда шавад",-омадааст дар хабарнома.

Қайд мегардад, ки аксари маврид ҳангоми ҷудошавӣ, мардҳо занони худро бо фарзандонашон аз хона пеш мекунанд.

"Барои ҳамин судяҳо бояд даррав масъалаи таъмин намудин зан бо хонаи истиқоматиро ҳал кунанд",-шарҳ дод мусоҳиб.

Имоми Масҷиди ҷомеи Маскав Элдар Аляутдинов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ: Тоҷикон дар Маскав зан мегиранд, занҳошон дар Тоҷикистон бехабар

Айни ҳол чунин амалиёт дар шаҳри Тошканд, чун таҷрибаи озмоишӣ истифода мешавад. Дар сурати натиҷаи мусбат, дар ояндаи наздик чунин амалиёт дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Ҳукумати кишвар ба ташкили оила ва ҳифзи арзишҳои оилавӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳамин тавр раиси шаҳри Тошканд ба ҷавонон тавсия медиҳад, ки аввал маълумоти олӣ гирифта, пасон хонадор шаванд. Дар бастагӣ бо шумораи зиёди талоқ, ӯ ба маркази ақду никоҳ, таълимгоҳҳо ва тарабхонаҳо тавсия равон кард, ки мувофиқи он агар яке аз ҷонибҳо соҳиби маълумот набошад, тӯй барпо намешавад.

Дар баробари ин хабар дода шуд, ки ҳукумати кишвар мехоҳад ному насаби нафаронеро, ки ҷудо мешаванд дар рӯзномаҳо нашр кунад. Чораҳои  зерин бо мақсади кам кардани шумораи талоқ дар кишвар роҳандозӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0