"Буздилӣ" ҳангоми ҳамлаи террористӣ низомиёни қазоқро паси панҷара бурд

© Sputnik / Антон ПережогинНизомиёни айбдоршуда. Акс аз бойгонӣ
Низомиёни айбдоршуда. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кайнарбек Тастанбековро ба 4,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда, ба ёрдамчиаш Кайргали Оразҷонов 3,5 сол доданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон собиқ майори қисми низомии 6655-и Гвардияи миллӣ-Кайнарбек Тастанбеков ва Кайргали Оразҷоновро барои вайрон кардани оиннома, ҳангоми ҳамлаҳои террористии 5 июни соли 2016 айбдор донистанд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Авоили моҳи июни соли 2016 гурӯҳи одамони номаълум ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва қисми низомии шаҳри Актоб ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд.

Қазоқистон ба оилаҳои қурбониёни Актоб $15 ҳазор пардохт мекунад

Дар шаҳр низоми зидди террористӣ эълон шуд. Дар пайи ҳамлаи террористӣ  ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд, ки се нафари онҳоро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташкил дод.

Кормандони мақомоти қудратӣ 18 ҳамлагарро нобуд карда, 9 нафари онҳоро дастгир намуданд. Дар охирҳои моҳи октябри соли 2016 додгоҳ ҳафт террористро ба 22 ва 20 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Мақомоти қудратӣ изҳор дошт, ки низомиён зимни адои вазифа, ҳангоми ҳамлаи террористон гурехта, дар хоҷатхона пинҳон шуданд. Онҳоро бо моддаи 447-уми Кодекси ҷиноии ҶҚ айдбор эълон карданд. Майор Тастанбеков ба гуноҳи худ иқрор нашуд.  Ӯ мегӯяд, ки он замон аз тариқи тирезаи ҳоҷатхона хост ба пулис занг занад ва ҳамаи амалиёташ мувофиқи дастур буд.

Майор Оразҷонов бошад дар навбати худ ба гуноҳаш иқрор шуда, зимни сухани охирин узр пурсид.

Додгоҳ Тастанбековро ба 4 солу 6 моҳи маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда, Оразҷоновро 3 солу 6 моҳ ҳабс кард. Бо қарори додгоҳ ҳар ду ҳам аз сафи коргарон пеш карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0