ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Роҳбарияти вилояти Актоби Қазоқистон қарор дар бораи зиёд кардани кӯмаки молиявӣ ба оилаҳое, ки дар пайи ҳамлаи террористӣ дар Актоб хешу ақрабои худро аз даст доданд қабул кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба маъмурияти минтақавӣ.
Рӯзи якшанбеи гузашта гурӯҳи ҷинояткорон ба мағозаи фурӯши аслиҳаи оташфишон ва таҷҳизоти низомии вилояти Актоб ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Дар шаҳр низоми амалиёти зиддитеррористӣ эълон гардида, фаъолияти корхонаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шуд. Тибқи маълумоти ВКД 13 ҷангӣ нобуд карда шуданд. Мувофиқи маълумоти охир ҳафт нафар дар пайи ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид. Бино ба маълумоти ВКД ҷинояткорон пайравони ҳаракатҳои радикалии динӣ будаанд. Ҳафт ҷинояткори дигар дар кофтукови мақомоти дахлдор қарор доранд.
"Ба онҳо ба қадри 5 миллион танга (15 ҳазор доллар) кӯмаки молиявӣ расонида мешавад",-омадааст дар иттилоия.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҳукумати минтақавӣ ба ҳар як оилае, ки бар асари ҳамлаи террористӣ хешу пайвандони худро аз даст додаанд, 1 миллион тенга (3 ҳазор доллар) ҷудо мекунад.
Дар қатори кушташудагон-фурӯшандаи 44 солаи мағозаи силоҳи "Паллада"-Андрей Максименко, Николай Онишенко нафақахӯри 69-сола ва Михаил Матросови 35-сола мебошанд. Онҳо қурбониёни тасодуфии ҳамла ҳастанд. Мирхон Тоҷибоеви 33 сола, корманди амнияти "Кузет" ҳамгоми адои вазифа ба ҳалокат расид.
Дар бастагӣ бо ин 9 июн дар Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи мотами миллӣ эълон гардида буд. Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ байрақҳо овехта шудаанд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ манъ карда шуд. Фаъолияти телевизион ва радиоҳои фарҳангӣ фароғатӣ ва ҳамчунин пахши реклама боздошта шуд.