ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Шаби Соли нав дар шаҳри Истамбул дар пайи ҳамлаи террористӣ 39 нафар ба ҳалокат расида,69 каси дигар ҷароҳатои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.
Байни ҳалокшудагон 16 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, изҳор дошт вазири вазорати корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу, менависд РИА Новости. Дар пайи ҳамлаи террористӣ дар клуб 39 нафар ба ҳалокат расида, 69 каси дигар ҷароҳатҳои вазнин бароштанд.
"Ҷустуҷӯи террористон идома дорад. Умедворам, ки террористон зуд дастгир мешаванд",-илова кард вазир.
Чуноне хабар дода мешавад, шахсияти 21 нафар маълум карда шуда, 16 нафари онҳоро шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд.
Ҳамлаи террористӣ шоми Соли нав дар клуби Reina дар Истамбул ба амал омад. Бино ба иттилои ВАО ашхоси номаълум бо либосҳои Бобои барфӣ шоми Соли нав дар яке аз клубҳои шаҳри Истамбул аз автомати Калашников ба сӯи мардум оташ кушоданд.