ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимолан маҳдудияти қувваи барқ ҷорӣ шавад.
Дар пайи сардиҳои шадид, ширкати "Помир Энерҷӣ" дар баъзе аз ноҳияҳои вилоят то 4 соат лимити барқ ҷорӣ намуд.
Директори генералии ширкати "Помир Энерҷӣ" Далер изҳор дошт, ки дар пайи сардиҳо ҳаҷми оби дарёи Ғунд тақрибан ду маротиба кам шуда, имкон намедиҳад то кори нерӯгоҳи обии "Помир-1" ва "Хоруғ" бо пуррагӣ ба роҳ монда шавад.
Чуноне директори генералии ширкат хабар дод, то 10-уми январи соли равон ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ даст дод, то аҳолии вилоят 24 соат бо барқ таъмин карда шаванд. Вале акнун ширкат маҷбур аст, додани қувваи барқро то 4 соат кам кунад.
"Дар ҳоли ҳозир аз 26 сектор дар 5-тои онҳо қувваи барқ 4 соат дар як шабонарӯз кам карда шуд",-гуфт Ҷумаев.
Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки агар сардшавии ҳаво идома ёбад, лимити барқ дар тамоми манотиқ ҷорӣ мешавад.
Вале мақомоти ВМКБ чунин қарори ширкати "Помир Эенерҷи"-ро қабул накард.
Чуноне раиси вилоят Шодихон Ҷамшед қайд кард, ширкат дар навбати аввал бояд истеъмолкунандагони ватаниро бо барқ таъмин намояд ва кори иншооти муҳимро зери хатар нагузорад.
Ӯ ёдовар шуд, ки ширкат қувваи барқро ба Афғонистон-ба вилояти ҳамсояи Бадахшон интиқол медиҳад. Ва дар ҳоли ҳозир барқ дар он сӯи дарё ҳаст.
"Мо зидди интиқоли барқ ба ҳамсоякишвар нестем, вале дар навбати аввал бояд ширкат амнияти энергетикии минтақаи худро таъмин намояд",-изҳор дошт раиси вилояти Бадахшон.
Бо сабаби хомӯш кардани қувваи барқ аллакай истгоҳи насос ва канали шаҳри Хоруғ ба садама дучор шуданд, амалиёти обтаъмитнкунии шаҳрвандон вайрон шуд, қайд кард Шодихон Ҷамшед.
Ҳафтаи гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи наздик шудани сардиҳои шадид ҳушдор дод. Ҳамин тавр хабар дода шуд, ки ҳарорати ҳаво дар қаламрави ВМКБ рӯзона то 26-28 дараҷа ва шабона то 48-50 дараҷа паст мешавад.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 14-уми январи соли равон президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пурра бекор кардани лимити барқ дар қаламрави ҷумҳурӣ эълон кард.
Лимити барқ дар Тоҷикистон расман аз 1-ноябри соли равон ҷорӣ карда шуд. Аммо дар бастагӣ ба кор даромадани маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" лимити барқ кам карда шуд. Баъдтар "Барқи тоҷик" дар бораи камтар кардани лимити барқ хабар дода, онро то 3 соат кам кард.