ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik.Рустами Эмомалӣ писари калонии президенти Тоҷикистон, барномаи хешро қироат намуд. Суханронии раиси шаҳри тозаинтихоби Душанберо тариқи телевизионҳои кишвар намоиш доданд.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Душанбе зерсохтори шаҳр кӯҳна шудааст, ки он танҳо барои 400 ҳазор нафар аҳолӣ сохта шуда буд, ҳоло бошад дар он 1 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
Рустами Эмомалӣ мегӯяд, ки ба қонунгузорӣ дар шаҳр ба таври ҷиддӣ муносибат хоҳад кард.
Ғайр аз ин таъмири роҳҳо, таъмин намудан бо оби тозаи нӯшокӣ ва ба тартиб даровардани нақлиёти ҷамъиятӣ дигар ҳадафҳои мири шаҳр мебошанд.
Ба гуфтаи Рустам вай мехоҳад мушкилии қувваи барқро дар шаҳр ҳал карда, ба сохтмони мактаб ва боғчаҳо оғоз мекунад. Асосаш яке аз ҳадафҳои вай ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ санаи 12-уми январ аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.