ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ҳамин тавр Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе озод шуда, Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахт таъин гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Бо фармони раисиҷумҳур Рустами Эмомалӣ аз мақоми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барканор гардид.
Дар баробари иваз намудани раиси шаҳри Душанбе президенти кишвар муовинони шаҳрдорhj низ аз вазифа озод кард. Ҳамин тавр Расулов Ашурбег Раҳматуллоевич, Самадов Шакарбек Додхоевич, Мақсудзода Шӯҳрат ва Ҳакимов Низом Ҳоҷиевич аз вазифа озод карда шуданд.
Тибқи фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зувайдзода Маҳмадсаид Маҳмуд аз вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Президент озод гардида, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Назирмадзода Бахтиёр бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Муинӣ Мавсума бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, фаъолияти худро минбаъд ба ҳайси муовинони раиси шаҳри Душанбе идома хоҳанд дод.
Саидзода Қурбон Тағай ва Ҷумазода Фаррух Турақул муовинони раиси шаҳр таъин гардиданд.
Бо Фармони дигари раисҷумҳур Салимзода Нусратулло Файзулло аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардидааст.
Дигар раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳояшон барканор шуданд. Бо фармонҳои президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Саиднуриддин Акрам аз вазифаи раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қурбонов Аламхон Ҷамилович аз вазифаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Сиёмардзода Сайдамир аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод шуданд.
Бо қарори щукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Самӣ Шариф Ҳамид аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" озод ва бо Фармони Президенти мамлакат иҷрокунандаи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Ҳамчунин, бо фармони президент Ҳакимзода Низом Ҳоҷӣ иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид. Бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфаров Наврӯз Ҷунайдуллоевич аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.