ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ҳамин тавр дар натиҷаи гузаронидаи санҷиш кормандони милитсия ва мутухасисони шабакаҳои барқӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе якчанд ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқро ошкор намуданд.
"Зани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгирак хати қувваи барқро ба хонааш гузаронида, дар натиҷа ба шабакаҳои барқӣ ба миқдори як ҳазору ҳаштсаду сию панҷ сомонӣ зарари моддӣ расонидааст",- менависад хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.
Ғайр аз ин дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки сокинони дигари шаҳри Душанбе: зани 29-сола бо ҳамин роҳ се ҳазору ҳаштод сомонӣ, марди 40-сола як ҳазору чорсаду панҷоҳу панҷ сомонӣ ва зани 37-сола ду ҳазору яксаду ҳаштоду нуҳ сомонӣ ба шабакаҳои барқӣ зарари моддӣ расонидаанд.
Санҷиш дар ин самт идома дорад, менависад манбаъ.
Хотиррасон мекунем, ки аз санаи 5-уми январ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон лимити рӯзонаи барқ лағв гардид.
Акнун сокинони тамоми Тоҷикистон метавонанд аз соати 05:00 то 22:00 бо қувва барқ таъмин гарданд.