ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Имрӯз 1 июл дар Тоҷикистон расман хонадор шудан бо хешу табори наздик манъ гардид.
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила, ки мувофиқи он никоҳи хешутаборӣ минбаъд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешавад, аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон қабул гардид.
Ҳамин тавр тибқи қонун издивоҷи байниҳамдигарии фарзандони хоҳарону бародарон, фарзандони амаку тағо манъ карда мешавад.
Ҳадафи асосии қонун дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ кам кардани шумораи кӯдакони маъюб, ки аксари онҳо дар натиҷаи никоҳи хешу таборӣ ба дунё меоянд, дониста мешавад.
Илова бар ин қабл аз хонадор шудан навхонадорон бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Муоинаи тиббӣ аз ҷониби муассисаҳои табобатӣ ройгон пешниҳод мешавад.