Олимони амрикоӣ синну соли Моҳро муайян карданд

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкМоҳ, акс аз бойгонӣ
Моҳ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимони Амрико мегӯянд, ки моҳ ками андар кам 4,51 миллиард сол дорад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik.Олимон аз Донишгоҳи Калифорния UCLA дар Лос- Анҷелос муайян карданд, ки пайдоиши моҳ ба 4,51 миллиард сол қабл рост меояд, хабар медиҳад РИА Новости.

Таҳлили намунаҳое, ки дар таркиби худ сиркон доранд, аз қишри болоии моҳ ҷамъоварӣ карда шуда, аз ҷониби кайҳоннавардони киштии ҳавоии "Аполлон-14"  дар соли 1971 оварда шуд. Он ба олимон кӯмак расонид, ки синну соли моҳро муайян кунанд.

Ҳамин тавр онҳо ҳашт намуди минерали сириконро аз таҳлил гузарониданд.

"Дар таркиби сиркон беҳтарин соати табиӣ мавҷуд аст, ки бо ёрии ин минерал метавон таърихи геологиро нигоҳ дошт ва пайдоиши онро ошкор кард", — гуфт профессори геохимия Кевин Маккиган.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки Моҳ пас аз 60 миллион соли тавлиди Системаи офтоб пайдо шудааст. Пештар қабул гардида буд, ки Моҳ пас аз 100-200 миллион соли пайдоиши Система офтоб тавлид гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0